Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ – БИОЛОГӢ” – и МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМУҲРИЯВӢ”

Санаи 31 – уми октябри соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳои шӯъбаи таълим дар нимсолаи 1 – уми соли таҳсили 2023 – 2024 дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и Муассиса дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография” барои донишҷӯёни курси 2 – юми гурӯҳи 212, факултети “Кори ҳамширагӣ (Синфи 9)” дар мавзӯи “Нақлиёт ва алоқа” аз ҷониби устоди кафедра Қосимова Саодат Фурқатовна баргузор гардид.

Дар дарси кушоду намунавӣ сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т., сармутахасиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н., мудири кафедра Раҳмонова М.Ш. ва омӯзгорони ҷавони кафедра ва бинои асосӣ иштирок намуданд. Дарси кушоду намунавии мазкур дар асоси Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои аудитории лексионӣ – назариявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот (Бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2023, №02/8 тасдиқ шудааст) гузаронида шуд.

Мақсади асосии ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишандӯзии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълими Муассиса ва табодули таҷриба барои омӯзгорони ҷавон ба ҳисоб меравад. Дар вақти баргузории машғӯлият омӯзгор аз усулҳои  фаъоли таълим истифода бурд. Донишҷӯён низ дар раванди машғӯлият иштироки фаъолона намуданд.

Дар ҷамъбасти машғӯлият сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т. баромад намуда, қайд намуданд, ки дар асоси дастуру  супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳо дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ, мизҳои муддавар, конференсияву чорабиниҳои гуногун, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илм мусоидат менамоянд, баргузор карда мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.