Хабарҳо КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ МАВОДҲОИ ДОРУВОРИИ ЗИДДИВИРУСИ ДАР ҶАҲОНӢ ИМРӮЗА” Бо admin On Nov 2, 2023 0 Дар санаи 01.11.2023 тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, нақшаи тасдиқгардидаи шӯъбаи таълим дар кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” аз тарафи омӯзгори кафедра Буриев Ф.Ҳ Конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Нақши маводҳои дорувории зиддивируси дар ҷаҳонӣ имрӯза” бо донишҷӯёни бахши 2-юмӣ факултети «Кори табобатӣ» гузаронида шуд. Дар чорабинӣ Муовини директор оид ба таълими- амалӣ н.и.т. Давлатзода Аслам Давлат, сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т., мутахассиси шӯъбаи илми-методӣ Раҳмонова Ҷ., декани факултети «Кори фармасевтӣ»- и таҳсилоти шабона Гулов Э, мутахассисӣ шӯъбаи илмӣ-методӣ Раҳмонова Ҷ иштирок доштанд. Ҳар сол, тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳиссаи бемориҳои сироятӣ тақрибан 25% шумораи умумии бемориҳои марговарро ташкил медиҳад. Сироятҳо яке аз сабабҳои асосии марг боқӣ мемонад. Ба ин муносибат кашфи вирусҳо ва баъд ба вуҷуд омадани доруҳои табобат ва пешгирии беморихое, ки аз вирусхо ба амал меоянд, барои тамоми инсоният аҳамияти калон дорад. Дар чорабини омӯзгор ва донишҷӯён маърӯзаҳо дар бораи фаъолияти хоси сироятҳои гуногуни вирусӣ, аз қабили СПИД, гепатит, герпес, инчунин зуком, пневмония, COVID-19 ва маводҳои дорувории барои пешгири ва муолиҷаи онҳо пешниҳод намудаанд. Маърузаҳо дар мавзӯҳои актуали буда ҳамаи паҳлуҳои доругиҳои зиддивирӯси (фармакокинетика ва фармакодинамика, таъсироти нохуш, зиднишондоди онҳо, меъёри терапевтӣ) нишон дода шуд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан