Хабарҳо ҲАМОИШИ СИЁСӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 3, 2023 0 Санаи 3 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсия ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини волоияти Конститутсия” баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина Файзулло бо иштироки васеи кормандону донишҷӯёни муассиса гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони пешбари соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла Далер Раҳмон судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Абдулҳошими Раззоқ ёрдамчии прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, инчунин роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода иштирок намуданд. Чорабинӣ бо суханони шодбошии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина Файзулло оғоз гардида, моҳияти ҳамоиши мазкур барои ҷомеаи мо қайд карда шуд. Сипас сухан ба меҳмонон дода шуд, ки онҳо фикру андешаҳои худро оид ба нақши Пешвои муаззами миллат дар таъмини волоияти Конститутсия иброз доштанд. Судяи суди ноҳияи Сино Далер Раҳмон зимни суханронии худ ба Пешвои миллат барои амалҳои қатъӣ дар ҳимояи принсипҳои Конститутсионӣ ва дастгирии мустақилияти ҳокимияти судӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат дар таъмини адолат ва волоияти қонун нақши муҳим дорад. Ёвари прокурори ноҳияи Сино Абдулҳошими Раззоқ нақши Президенти кишварро дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва дастгирии принсипҳои волоияти қонун таъкид намуд. Номбурда қайд кард, ки ба шарофати тадбирҳои қатъии Пешвои миллат кишвари мо тавонист дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Файзуллозода Заррина Файзулло оид ба аҳамияти суботи сиёсӣ ва ваҳдат дар таъмини волоияти Конститутсия сухан ронда, қайд карданд, ки ба шарофати роҳбарияти олии кишвар, мо тавонистем ба суботи баланди сиёсӣ ноил гардем, ки ба рушду нумӯи ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Дар ҷамъбасти ҳамоиш директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба меҳмонон барои андешаҳои пурарзиш изҳори сипос намуда, моҳияти идомаи муколамаро оид ба нақши Пешвои миллат дар таъмини волоияти Конститутсия таъкид сохта, аз ҳамаи ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ин самт корҳоро идома диҳанд ва дар рушди волоияти қонун саҳм гузоранд. Ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб роҳбари муассиса ҳамаи ҳозиринро бахшида ба фарорасии Рӯзи Конститутсия табрику таҳният сохтанд. Ҳамин тариқ, ҳамоиши сиёсӣ бахшида ба Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини волоияти Конститутсия ба як минбари муҳими баҳсу баррасии ин мавзӯъ табдил ёфт. Меҳмонон аз иқдомоти қатъии Президенти кишвар дар самти ҳифзи принсипҳои конститутсионӣ ва рушди волоияти қонун дастгирӣ ва эътирофи хешро изҳор намуданд. Пеш 1 то 21 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан