Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Коррупсия яке аз манфуртарин падидаҳои аср ба ҳисоб рафта, дар баробари терроризму экстремизм, маводи мухаддир, қашшоқию бенавоӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамчун таҳдид ба системаи амнияти  миллӣ шинохта шудааст. Хатарнокии ин падидаи манфур ба ҳаддест, ки метавонад як низоми мукаммали сиёсиро фалаҷ сохта, оқибат онро нобуд гардонад. Масалан, яке аз сабабҳои асосии суқути ҳукумати пешини Афғонистон дар баробари толибонро аксари таҳлилгарони дохилию хориҷӣ ба фасодзада будани ниҳодҳои ҳукумати Ашраф Ғанӣ рабт медиҳанд. Натиҷаи чунин давлатдориро тамоми ҷаҳон шоҳид гашт, ки як ҳаракати террористӣ бидуни шиллики як гулӯла вориди пойтахт гардид ва Арги раёсатҷумҳуриро дар як мижжа задан тасарруф намуд. Артиши 300 ҳазорнафараи Афғонистон дар баробари чанд ҳазор ҷанҷӯи толибон тоб наовард, чун ҳама фурухта шуда буданд: аз Раисҷумҳур то қумандонҳо.  Коррупсия, ки ба таъбири имрӯзаи тоҷикӣ “фасод” ё “фасоди моллӣ” гуфта мешавад, навъҳо ва шаклҳои амалишавии худро дорад. Дар миёни мардуми ом ин зуҳуроти номатлуб “пора” номида мешавад. Ба истилоҳ пора муносибатҳои шаффофи кориро дар ҳар соҳа халадор намуда, боис мегардад истеъдодҳои воқеӣ ва арзанда аз равандҳои корию истеҳсолӣ дур монанд. Дар натиҷа яъсу ноумедӣ кадрҳои ҷавонро фаро гирифта, падидаи “фирори мағзҳо” шакл мегирад. Бинобар ин, масъалаи коррупсия ва ришваситонӣ дар сатҳи мақомоти давлатӣ матраҳ гардида, бо он бархурди қонунӣ сурат мегирад. Ҷиҳати муборизаи самаранок бо ин падидаи манфур дар Тоҷикистон мақоми махсуси давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати муайяннамоии сатҳу шиддати коррупсия ва фароҳам овардани заминаи қонунии мубориза бо он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул гардидааст. Қонуни мазкур дар таҳрири нав аз санаи 07.08.2020 мавриди амал қарор гирифтааст. Ин қонун, ки муайянкунандаи амали коррупсионӣ ба ҳисоб меравад падидаи коррупсияро чунин шарҳ додааст: “кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқононӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо ақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ”. Қонун ба шакли возеҳу ошкоро амали коррупсиониро шарҳу эзоҳ додааст. Яъне, ҳар навъ сӯистифодаи мақому мансаби давлатӣ ба манфиати шахсии худ, ки ба анфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама ба манфиатҳои миллӣ зарба мезанад, коррупсия аст ва бо он бархурди шадиди қонунӣ сурат мегирад.

Бояд қайд намуд, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ нест, балки тамоми фард – фарди ҷомеа бояд барои решакан намудани ин падидаи манҳус кӯшиш ба харҷ диҳад. Аввалан, намояд ҳеҷ фарде ба додан ё гирифтани ба истилоҳ “пора” розигӣ диҳад. Чунки аз лиҳози динӣ низ ин амал шаръан ҳаром буда, гирандаву диҳандаи “пора” гунаҳкор унвон шудаанд. Ҳатто дар баъзе ривоёт миёнарави ин ҳар ду (гирандаву диҳанда) низ лаънат шудааст.

Ҷиҳати муборизаи самаранок бо коррупсия месазад ин ҷо ҳидояти Пешвои муаззами миллатро ёдоварӣ намоем, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2016 ироа карда буданд: “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”. Дар ҳақиқат Пешвои миллат формулаи самараноки мубориза бо коррупсиро дар формати мақомоти марбута+шаҳрванд+ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз доштаанд. Дар  ҳамбастагӣ ва ҳамкории ин се ҷузъи муҳим – шаҳрванд + мақомот + ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон муборизаи ҷонноку самаранок бо коррупсия бурд ва онро решакан кард.

Мудири кафедраи
“Фанҳои табиию риёзӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Қаландаров Некрӯз Ҳакимович

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.