Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ” АЗ ТАРАФИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, тарбия намудани донишҷуён, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин, дурӣ аз фарҳанги бегона бо иштироки донишҷӯдухтарони факултетҳои МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” муарраифии либосҳои атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботи роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Боиси ифтихормандист, ки либоси миллӣ яке аз рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардаасту минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Мавриди ба зикр аст, ки Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тасмим гирифтааст, ки дар муаррифи либосҳои шинаму зебои миллӣ, тибқи талаботҳои Дастурамали либосҳои тавсиявӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи “Тоҷикона мепушем” саҳмгузорӣ бояд намуд.

Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тибқи дастури директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз тарафи донишҷӯёни Муассиса доир гардид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.