Албатта, ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбат ба мо ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардидааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Инчунин ба дастгири бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва таҳкид намуд, ки: “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдоро андешида истодаем”.
Ин Ватан моро пари парвоз дод, Сад дареро баҳри дониш боз дод. Мо ҷавонони адолатхоҳро Сӯи фардои наку овоз дод.
Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобастааст. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд низ доранд, аз ҷумла хушунату ифротгароӣ.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳатто доғдори ҳаёти имруза ифродгароӣ ва зарари он барои ҷомеа ба шумор меравад ки бадбахтона аксар мамолики мусулмонро фаро гирифта, бисёри аз одамон онро аз нигоҳи динӣ шарҳ медиҳанд. Аҷиб он аст, ки ин равандро бисёре аз мусулмонон пайравӣ мекунанд ва ҳатто барои иҷро намудани ин ё он амали террористӣ маблағҳои калонро сарф мекунанд. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 “ қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.
Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалин дараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд , ки: “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошад”.
Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддию маънавии ҷавонон, тарбияи ватандустӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ табирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёр намудааш дар солҳои минбаъда барои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи тарбияи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намояд.
Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ изҳор менамоем ,ки дар идомаи пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати халқу Ватани азизамон бо тамоми ҳастӣ,бо дасту дили пок,умеду ҳадафҳои созанда саҳм мегузорем.
Мо,ҷавонон аҳди ҷавонмардӣ медиҳем,ки бақадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами милатамон ба халқ ва Тоҷикистони азизсодиқона,софдилона ва поквиҷдона хизмат менамоем.
Гулматов Аъзамхон Холматович Ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Ҷафаров Ҷовидон Исматуллоевич Ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”