МақолаҳоХабарҳо СУИИСТИФОДА АЗ ДИН БАРОИ АМАЛИ НАМУДАНИ ҒАРАЗҲОИ НОПОК Бо admin Охирин навсозӣ Nov 16, 2023 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Дар оғози матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар як инсон шароити зиндагии мусоиду арзанда фароҳам меорад. Дар воқеъ матлаби мазкур асоси идеалогияи давлати миллии моро ташкил дода, яке аз бахшҳои муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад. Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо дар асоси ин матн бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон, ҳизбҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ақаллиятҳои нажодиву динӣ, новобаста аз арзишҳои гузаштаи таърихии худ баҳисоб гирифта шавад. Вале имрӯз ҳизбу ҳаракатҳое дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки ин матолибро сарфи назар карда, мехоҳанд бо осонӣ, тавассути чарбзабонӣ, зикри камбудию мушкилоти ҳаёти аҳли ҷомеа ва интиқоди фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб созанд. Аз ҷумла гурӯҳҳои ифротӣ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин роҳи боз ҳам содатарро идома медиҳад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла собиқ ҲНИТ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи пиёда намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад.Махсусан роҳбарияти ин гурӯҳҳои иғвоангез бо ҳар васила мекӯшанд хешро дар ҷомеа бештар муаррифӣ намоянд. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касоне, ки ба нафъи мардум, хусусан сокинони маҳаллу ноҳияи худ кори неке анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост. Мутаассифона ҳар кадоме аз аъзои ин гурӯҳҳои ҳувиятбохта кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки дар сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ аз дигараш пештар гузарад.Онҳо хидмати холисонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан сарвари ин кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор , рушди бемайлони соҳаи маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон, талош меварзад, нодида мегиранд. Аъзои ин гурӯҳҳои характери террористидошта хуб медонанд, ки фирефтани як қисми мардум ин замон осонтар шудааст, зеро як қисми мардум на ба амал, балки ба сухани болохонадору фиребандаи зудтар фирефта мешаванд. Аксари мардуми огоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб медонанд, ки дини мубини ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро маҳкум менамояд. Нафароне, ки воқеан ин арконро дар амал татбиқ менамоянд, дар миёни ҷомеа иззату обрӯ пайдо мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар солҳои охир воқеаҳои бисёр нангине аз ҷониби ба истилоҳ «тақводорон» рух дода истодааст, ки албатта ин аъмоли нанговар мардуми фарҳангсолори тоҷикро ором намегузорад. Ҳатто дар сатҳи роҳбарияти олии собиқ ҲНИТ амалҳои ғайришариатиро сохторҳои марбута борҳо ошкор карда буданд. Мутаассифона, ин “донандагони шариат” шояд хуб огоҳ бошанд, ки дар фарҳанги исломӣ мақоми ахлоқ ва тарбияи инсон мавқеи хосаро ишғол менамояд, вале бар хилофи андешаи волои Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки гуфта буд; «Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ», амал кардани онҳо ҷомеаро ба ташвиш оварда буд. Ба ҳамин минвол, бархе аз имомхатибон ва аъзои фаъоли собиқ ҲНИТ хислатҳои наҷиби инсониро ба хислатҳои баду нописанд монанди оз, ниёз, хашм, кин, рашк, нанг, дурӯягӣ, нопокӣ, ва билохир мунофиқиву фосиқӣ бадал кардаанд. Аз рӯйи баррасиҳо ва таҳлилҳои коршиносони тоҷик дар саддаи охир бармеояд, ки ҳузури собиқ ҲНИТ, ки номи гурӯҳашонро иваз намуда, айни замон низ зери номи ҷадид ҳамон аъмоли террористии хешро идома медиҳанд, дар арсаи сиёсат ва афзоиш ёфтани масҷидҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хавфнок аст. Зеро ин ҳизб дар тӯли фаъолияташ ба сари сокинони кишвар бадбахтиҳо ва мушкилиҳои печ дар печи зиёде овард ва масҷидҳо бошанд дар замони ҷанги шаҳрвандӣ макони аслиҳа қарор гирифта буданд. Ҳамчунин роҳбарони иттиҳодияҳои динии кишвар ва имомхатибони масҷидҳои ҷамоаи панҷвақта низ дар мавъизаҳояшон аз дахолати ҲНИТ ба ҳаргуна корҳои нолозим, ки боиси нооромии ҷомеа мегардад, изҳори нигаронӣ кардаанд. Хулосаи мантиқӣ ин аст, ки мавъизаҳои онҳо як дафъа солҳои 90 – ум дар майдони Шаҳидон садо дода буданд. Натиҷааш ин шуд,ки 150 ҳазор нафар кушта шуду садҳо ҳазорон модарон доғи фарзандро чашиданд. Зиёдтар аз ин миқдор занон бешавҳар монданд. Ҳамчунин кишвари азизамон аз лиҳози иқтисодӣ даҳсолаҳо ақиб монд. Ба таъбири дигар ин гуна носеҳон гуфторашон хилофи рафторашон буда, аз амалҳои зишт ҳеч гоҳ парҳез намекунанд. Аз ин рӯ, дар ин замони бисёр ҳассос, ки баҳсу талошҳои мафкуравӣ вусъат ёфта истодаанд, шаҳрвандони кишварамонро зарур аст, ки ба суханҳои болохонадори ин тоифаи ифротӣ гӯш надода, барои оромӣ ва суботи комил кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз ганҷинаи беназири панду андарзҳои судманд, насиҳату мавъизаҳои ҳакимона ва дастурҳои муфиди ахлоқии, шоирони мо, ки дар тӯли ҳазор сол ҳазорҳо одамонро аз ҳар қавму миллат, тоифаву табақа ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намудаанд самаранок истифода баранд ва ба суханбозиҳои ин тавбафармоён, ки ҳатто барои манфиати шахсиашон аз тавбаву надомат парҳез мекунанд, эътибор надиҳанд.Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки бо тааммул андеша намоянд, ки оё ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ, ки барои кишвари азизамон хеле хавфнок аст, зарурат дорад? Магар мо мехоҳем, ки суботу истиқлоли комиле, ки бо қимати ҷони ҳазорон нафар ба даст омадааст, зуд аз даст диҳем ва кишвари биҳиштосоямонро ба Афғонистон, ки дар пеши чашмамон несту нобуд шуда истодааст ва ба Ироқу Сурия, Яману Либияву дигар кишварҳои ҷангзадаи дунёи ислом табдил диҳем? Албатта на. Пас ҳар яки мо шаҳрвандонро лозим аст, ки барои ҳифзи ватани биҳиштосоямон кӯшиш ба харҷ дода, ҳамватанон ва махсусан ҷавононро аз хатари терроризму экстремизм муҳофизат намоем. Зеро ин гурӯҳҳои ифротӣ нангу номус ва ҳуввияти хешро аз даст дода, ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хеш гардидаанд. Мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодаги ибтидоии ҳарбӣ” Шуҳрати Боғибек Омӯзгори кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодаги ибтидоии ҳарбӣ” Нарзиев Бобоҷон 0 Мубодила кардан