МақолаҳоХабарҳо ПРЕЗИДЕНТ – ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ Бо admin Охирин навсозӣ Nov 14, 2023 0 Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкориҳои онҳо, риояи шартномаҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад. Моддаи 65, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон мардуми шарафмандаш бо эҳсосоти баланди ватандӯсӣ ҷашнҳои миллӣ ва сиёсии худро таҷлил менамоянд. Махсусан ҷашнҳое, ки дар моҳи ноябр таҷлил мешаванд, пурсаховату файзбахшу дилрабо буда, ҳаёту зиндагии инсонро нуру зиё мебахшад. Ин моҳ бо рӯзҳои пурсафояш паҳлўҳои кору пайкори ҳар шахси некдилу накӯкорро муҷалло месозад. Дар ин масир махсусан, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудани рӯзи таърихӣ, миллӣ ва саодатбахш, яъне 16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои миллати тоҷик боиси шарафмандиву ифтихор аст. Ҳамасола ин рӯзи нусратбор офтоби оламоро саховатмандона ба паҳнои дунё, махсусан фазои орому осудаи кишварамонТоҷикистон нурпошӣ намуда, қалби моро неруманд месозаду дилгарми зиндагӣ месозад. Ҳар шахс ба умеде аз хоби ноз хеста, озими роҳ мешавад ва дар дил сипосгузор аз офтоби оламорову зиндагии шоиста, шукргузор аз ваҳдату ҳамгироӣ, истиқлолияту озодӣ мегардад. Чӣ хуш аст, дар даврони соҳибистиқлолии Ватан фаъолият доштану аз зиндагӣ баҳра бардоштан ва бо амали нек саҳме бар манфиати ҷомеа гузоштан! Хушбахтист, ки дар 32 соли соҳибистиқлолӣ мо соҳиби давлати рушдёфта, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ гардидем, Пешвои муаззами миллати хешро дарёфтем ва аз корномаи қаҳрамонона, ташаббусҳои башардӯстона, иқдомҳои мардумпарваронаи ин абармарди сиёсат ифтихормандем. Таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани Рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шурӯъ аз соли 2016 Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Албатта, санаи 16 ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президент ҷанбаҳои таърихии худро дорад. Тавре аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он ҷанг вазъи давлатро зери хатар қарор дод. Дар ҳамин раванди мураккаб 16 ноябри соли 1992 дар мамлакат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид, ки ин Иҷлосия дар таърихи миллат чун сана ва руйдоди сарнвиштсоз сабт гардидааст. Зеро, он сабаб ва омили барқарории ваҳдати миллӣ ва бақои давлати тозаистиқлол гардид. Инчунин дар шароити мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ 16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтаарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда ба фаъолияти корӣ шуруъ намуд. Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон ба хонандаи огоҳ ва дурандеш маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дорад. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин ҷанги таҳмилӣ омили фалаҷ гардидани сохтори сиёсӣ, нобуд гардидани низоми идоракунӣ ва инкишофи бисёрҳокимиятӣ дар давлат гардид. Дар чунин раванди ҳассос барои миллати тоҷик роҳбар ва раҳнамое зарур буд, ки аркони давлатдориро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун абармард, шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонист дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тулонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳад. Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, давлат дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буданд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсати миллат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Маҳз ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фозои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон аст. Воқеан таҳлилҳои дар боло зикргардида аз он шаҳодат медиҳад, ки бунёди давлати навини тоҷикон ба корнамоиҳои таърихиву сиёсии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 32 соли Истиқлолият ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд, ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Дар ин раванд қонунгузории миллӣ бунёд гардида, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфт ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуд. Бо камоли ифтихору саодатмандӣ мегӯем, ки маҳз бо ҷоннисориҳову талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон аз ҷангу даргириҳо раҳо ёфт ва марҳала ба марҳала пеш рафт, иқтисодиёти миллӣ ва фарҳангу маънавиёт таҳким гирифт. Ин ҳақиқати файзбахш, воқеияти қиёснопазир аст. Мо шарофати Истиқлоли давлатиро дар рӯи оинаи дил эҳсос мекунем. Ташаббусҳои хирадмандона, оқилона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президенти маҳбуби худро бо чашми дил мебинем, эҳтирому муҳаббат меоварем. Таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бисёр муҳими сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад. Бо таҷлил намудани ин рӯз мардум пеш аз ҳама нақши Президентро дар рушду инкишофи давлат дарк менамояд. Инчунин, нақши ниҳоди президентиро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти миллӣ дарк намоянд. Аз ҳамин лиҳоз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рӯзи одӣ нест, ин ҷашни бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мамурзода Диловар Мамур – муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба корҳои мамурӣ ва хоҷагӣ 0 Мубодила кардан