Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: ДАР РОҲИ ТАКМИЛ ВА РУШД

Санаи 14 ноябри соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷаласаи ғайринавбатии назди роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор гардид, ки дар он муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок доштанд. Чорабинии мазкур дар самти такмили раванди таълим ва баланд бардоштани сифат як қадами муҳим буд.

Дар вохӯрӣ паҳлӯҳои мухталифе, ки ба донишҷӯён ва омӯзгорон дахл доранд, баррасӣ шуданд. Яке аз масъаладои асосие, ки боиси таваҷҷӯҳи калон гардид, масъалаи то ба ҷои кор рафта расидани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ буд. Роҳбари муассиса қайд карданд, ки масоили таъмини ноҳияҳои дурдаст бо мутахассисони миёнаи тибб дар назди роҳбарияти муассиса афзалиятнок буда, барои ин аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар андешидани чораҳои қатъӣ баҳри таъмини бозори меҳнати дохилӣ, хоса ноҳияҳо ва минтақаҳои аз пойтахт дур чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Алалхусус дастур дода шуд, ки бо сартабибони беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ вохуриҳо гузаронида оид ба вазъи ҳол маълумоти оморӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳамчунин роҳбар иброз доштанд, ки муассиса омодагии худро барои ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтарини ҳалли ин мушкилот изҳор намуда, саъй доранд, ки барои ҳамаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шаванд.

Масъалаи дигар, яъне баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон, ки ба сифати таълим бевосита таъсир мерасонад, мавриди баррасӣ низ қарор гирифт. Раҳбарият омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати омӯзгорон нигаронида шудаанд, изҳор намуданд, ки албатта ба раванди таълим таъсири мусбат мерасонад.

Дар таҷлили ҷашнҳои Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчам низ бетарафӣ зоҳир нагардид. Роҳбари муассиса оид ба нақши Пешвои муаззами миллат дар пойдории давлати соҳибистиқлоли мо фикру андешаҳои худро иброз дошта, қайд карданд, ки Рӯзи Президент фурсатест барои ҳар як фарди ватандӯст, то заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои худро қадрдонӣ намояд. Аз ин лиҳоз ба масъулин ҷиҳати таҷлили сазовори ин ҷашнвораҳо дастурҳои мушаххас дода шуд. Роҳбарияти коллеҷ изҳори боварӣ намуданд, ки ин чорабиниҳои муҳим дар сатҳи зарурӣ таҷлил карда мешаванд ва аҳамияти онҳоро барои кишварамон ва таърихи он таъкид хоҳанд намуд.

Яке аз нақшаҳои азиме, ки дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт, дар моҳи декабр баргузор намудани конференсияи илмӣ-назариявии муассиса бо иштироки байналмилалӣ буд. Чорабинии мазкур дар рушди соҳаи илмии муассиса як қадами муҳим буда, ба донишҷӯёну омӯзгорон имкон медиҳад, ки бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо табодули таҷриба намуда, доираи ҷаҳонбиниро васеъ намоянд ва сатҳи таълиму тарбияро беҳтар созад.

Давомоти донишҷӯён, интизоми меҳнати кормандон, шартномаҳои донишҷӯён ва таҷдиди осорхонаи коллеҷ низ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷаласа қарор гирифта, муносибати ҳамаҷонибаи роҳбариятро ба беҳбуди тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ва кори коллеҷ нишон доданд.

Дар маҷмӯъ ин ҷаласа мисоли равшани он гардид, ки роҳбарияти коллеҷ барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва фароҳам овардани фазои мусоиди таълимӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона кор бурда истодааст. Умед ба ояндаи коллеҷ бо татбиқи андешаву нақшаҳои созгор мавриди баррасӣ қарор гирифта, имкон медиҳад, ки муассисаи таълимӣ минбаъд низ ба манфиати донишҷӯён ва тамоми ҷомеа рушду такмил ёбад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.