Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО” ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” чун анъана тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва муовинони директор бахшида ба ҳар як ҷашни  миллӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида чорабиниҳои тарбиявию сиёсӣ гузаронида мешаванд. Аз он ҷумла, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ботантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ ҳайати омӯзгорони кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” дар якҷоягӣ тасмим гирифтанд, ки бахшида ба ин ҷашни бузурги миллат чорабиниҳо, мизҳои мудаввар ва соатҳои тарбиявӣ доир намоянд. Санаи 22.11.2023 дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна дар кафедра ҳамоиши идона таҳти унвони “Парчами нангу номи мо” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ҳамоиши идона сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти муассиса Давлатов А.Т., роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и ҷумҳурӣ Саидов Абдуҳанон, декани факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таҳсили шабона) Гулов Эмомалӣ, мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” Сангинов Ғолибшо, омӯзгори собиқадори коллеҷ, муаллимаи азиз Халимова Ҳ.К., омӯзгорони кафедраҳои тахассусии бинои таълимии 3- юм, донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Ҳамоиши идона бо қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас тибқи барномаи ҳамоиш аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо дар мавзӯи “Таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Парчами миллӣ – ифтихори тоҷикон ” ва ” Парчами давлатӣ – рамзи озодиву истиқлоли кишвар ” пешкаш гардиданд. Ғолиби даври ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, донишҷӯи курси 2- юми факултети”Кори фарматсевтӣ “( таҳсилоти умумии асосӣ) Бегова Адиба бо қироати шеър дар васфи Парчами миллӣ табъи ҳозиринро шод намуд. Сипас донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат, Парчами миллӣ, Тоҷикистон ва Ватани маҳбубамон шеърҳо қироат намуданд. Дар қисми фарҳангии ҳамоиши идона аз ҷониби донишҷӯён сурудҳо дар васфи Ватан ва Парчами миллӣ, инчунин рақси якка дар иҷрои донишҷӯи курси 2- юми факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таҳсилоти умумии асосӣ) Назарализода Сабрина пешкаши ҳозирин карда шуданд.Ҳамоиш  бо намоиши видеороликҳои “Пешвои миллати тоҷик” ва “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон” бо бардоштани Парчамҳои миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ба анҷом расид. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми ҳамватанон муборак бошад!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.