Хабарҳо СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗУИ: РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ТАЪРИХИ ҚАДИМАИ ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН Бо admin Охирин навсозӣ Nov 23, 2023 0 Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои директори муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи Тиббии Ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода нақша чорабини аз ҷониби омӯзгори кафедраи “Стоматология” соати тарбиявӣ дар гуруҳи 104 КТД гузаронида шуд. «Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Парлумони Точикистон ҳануз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллӣ таҷлил мегардад. Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 27-сол қабл дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст.24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан