Хабарҳо ПАРЧАМ – ИН РАМЗИ ИҚТИДОРУ ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ АСТ! Бо admin Охирин навсозӣ Nov 23, 2023 0 Рамзҳо равшангари таърих, сарнавишти қавму халқият, миллату давлат, фарҳанг, орзуву ормони ҳар як миллату халқият дониста мешаванд. Зеро дар дунё бисёр халқиятҳо вуҷуд доранд, ки танҳо дар зери Прачами худ аз умумиятҳои таърихию фарҳангияшон дарак медиҳанд. Дар тӯли таърихи хеле қадиму бостонии дар роҳи тамаддуну фарҳангофарӣ, созандагию бунёдкорӣ, эҷоди таърих, фалсафа, адабиёт, санъат, ахлоқ ва дигар арзишҳои маънавӣ миллату халқиятҳо рамзҳои зиёдеро офаридаанд, ки ҳар яки онҳо таърих, сарнавишт, мазмуну моҳият ва мантиқи худро доранд. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ ва таҷассумгари асосҳои давлат ва ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми халқиятҳо мебошад. Аз аҳди қадим барои тоҷикон Парчам рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Аз аҳди бостон миллати тоҷик парчамро ҳамчун ифодагари мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ медонист. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Бинобар ин, парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешавад. Воқеъан тоҷикон соҳибдавлату соҳибпарчам мебошанд ва ибтидои парчамдории ин халқи тамаддунофар ҳамон Дирафши Ковиёнӣ буда, ҳамеша аҷдодони моро ба дифои марзу бум ҳидоят менамуд. Хушбахтона, баъд аз 1000 соли бедавлатӣ 24-ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Рӯзи 25-ноябри соли 1992 бошад рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуда, аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Барои мустаҳкам намудани низоми ҳуқуқии нишонаҳои давлат 11-декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Дар ин замина, 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи дар нахустин ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён карданд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон мебошад». Дар ҳақиқат Пешвои миллат Парчами давлатиро ба олам муаррифӣ намуда, дар шинохти Тоҷикистон нақши калон гузошта, дар зери парафшонии он мардумро ба муттаҳидӣ, хештаншиносӣ даъват намуд. Парчами миллӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ҳамзамон Парчами давлатӣ ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчам ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, донистани қадри муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами миллии Тоҷикистон маънои донистани қадри Ватан ва арзишҳои онро дорад. Воқеъан буду набуди ватан, эътибору шаъну шарафи онро маҳз дар ҳамин рамзҳо ифода меёбад. Ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо пойбарҷо бошад, ба қадри неъматҳои ин ватан бирасад ва барои ободии он заҳмати худро дареғ надорем. Дар ҳамма ҳолат, Парчами давлатамон партавафшон бошаду мардум дар зери он муттаҳид шуда, ба сӯи созандагиву ояндаи дурахшон далерона қадам гузоранд. Бигузор дар шароити ноустувори ҷаҳони муосир Парчами миллӣ – ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини миллат дар тамоми қаламрави кишвар ва арсаи ҷаҳон партавафшонӣ намояд. Дар воқеъ, бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад ҳамватанони азиз! 0 Мубодила кардан