Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АЗ ТАЪРИХИ ПАРЧАМ ВА МОҲИЯТИ ОН

Инсоният дар таърихи дуру дарози худ вобаста ба ҷаҳонбинию азму иродааш рамзҳои мухталифро офарида, барои баёни афкору андешааш ба кор бурдааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи башар нигарем, ҳар як рамзи офаридаи инсоният рӯшангари бахше аз ҳаёти норавшани ӯ мебошад.  Дар баробари дигар рамзҳо, парчам дар таърихи давлатдории башар мақоми хос дорад. Донишмандон таърихи пайдоиши парчамро ба пайдоиши аввалин давлатҳо мансуб медонанд. Илова бар ин парчам ифодагари шарафу қудрат ва нангу номуси ҳар миллати кӯҳанбунёд эътироф мешуд, ки то ба имрӯз мақоми муқаддаси худро аз даст надодааст.

         Дар таърихи печидафарёди тоҷик парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояти басо ҷолибу мутаассир рабт дорад, ки ин ҳикоят тавассути “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ то ба замони мо маҳфуз мондааст. Ба маълумоти Фирдасии бузург Коваи оҳангар ба муқобили зулму истибдоди Заҳҳоки Морон пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад. Пас аз пирӯзӣ шоҳ Фаридун ба тахт менишинад ва ҳамин пешбанди Коваи музаффарро “Ковиёни дурафш” (дурафши Ковиёнӣ, шакли дигараш дирафш) мехонаду муқаддас медонад. Дурафши Ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши  пирӯзиҳои ворисони Фаридун буд.

         Парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Дар “Энсиклопедияи  Советии тоҷик” (Ҷ.1.саҳ.352-353) оварда шудааст, ки парчам “рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, партиявӣ, динӣ ва ҷамъиятии ташкилотҳои гуногун мебошад… Байрақ матои якранга ё бисёррага мебошад, ки нишони махсус дорад: як тарафи он бо чӯбдаста часпонида мешавад”. Дар фарҳангу луғатномаҳо ва дар сарчашмаҳои таърихӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шуданд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш (дурафш), алам, ливо, байрақ, парчам, раоят. Вожаи маъмул парчам аст ва алам бошад мафҳуми арабист, ки дар маъхазҳои асримиёнагӣ ба чашм мерасад. Пас аз Инқилоби Октябр (1917) дар баробари истифодаи вожаи парчам вожаи туркии байрақ афзалият пайдо кард, ки шояд таъсири пантуркизм бошад. Аз ин миён вожаи парчам, вожаи ноби форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

         Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гадид, вакилони мардумӣ дар иҷлосии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ-Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, “Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ-Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо ибтикори Президети мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчми давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил хоҳад гашт. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.

         Ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар назди Қасри миллат Парчами Тоҷикистон дар баландии 165метр афрохта шуд. Ин парчам андозаи 30х60-ро дорст ва баландтарин дар миқёси ҷаҳон хоҳад буд. Дар симои ин пачам ҳоло дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парчами Ҷумҳри Тоҷикистон дар баландиҳои гуногун қомат афрохта аст, ки ин аз ватандӯстию арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол вазъи геопалитикии сайёра ва тазодҳои ҷаҳони муосирро ба инобат гирифта, дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем ва зирракии сиёсиро аз даст надода, ҳама дар зери сояи парчами миллӣ сарҷамъ гашта, Тоҷикистони боз ҳам ободу зеборо бунёд кунем. Илова бар ин насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, шинохти асолати миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ба камол расонем.

Парчамат то абад бегазанду парафшон бод Тоҷикистони азизам!

 

Назарова Маърифат Сангинмуродовна- н.и.ф.

Мудири кафедраи   “Фанҳои гуманитарӣ”-и

МДТ “Коллељи тиббии љумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.