То парчами мо болост,
Боло сари тоҷик аст.
То болу парафшон аст,
Болу пари тоҷик аст.
Моҳи ноябри соли дар иҷлосияи 16- уми таърихи Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати милли-давлати тоҷикон тарҳрезӣ мегардад, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд ва инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон- Парчам ва дертар нишон қабул шудаанд.
Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад , яъне давлати муосир таввасути прачами он шинохта мешавад.Яъне, Парчам ва Суруди Миллӣ, ки аз ҷониби мардуми кишвар дар асоси қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқи давлат ва Ҳукумат қабул гардида, бо имзои Президенти кишвар ҳукми қонуниро гирифтаанд, муқаддасоти миллат ва гаронтарин арзишҳои миллати сарбаланди тоҷик шинохта шудаанд.
Парчами миллӣ рамзи гиромӣ дошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишони муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол , илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол иттиҳоду сарҷаъмӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллли мардуми куҳанбунёду бо фарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро, дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум бароии ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Орифаи Ковиён”-и аҷдоди ориёитаборамон бо тобиши се ранг ранги сурх –озодиву истиқлол , ранги сафеду-сулҳу оромӣ , ранг сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамадуну фарҳанги бостонии тоҷикон , пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои сарзаминамон башорат медиҳад.
Прачами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки пояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошанд.Имрӯз моро мебояд,ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем,қадру манзалат ва нақшу эътибори онро фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.Он гуна, ки “Дирафши Ковиёнӣ” нишони бузургии давлатдории гузаштагони мо будааст, имрӯз моро зарур аст,ки ба ин рамзҳои давлатӣ арҷу эҳтиром гузорем ва нагузорем, ки тардомане бо иғвое ин муққадасоти милли моро зери шубҳа қарор диҳанд.