МақолаҳоХабарҳо ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН – ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Nov 24, 2023 0 Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад». Эмомалӣ Раҳмон Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст, Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст. Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ: Ниёкони мо тоҷдорони даҳр, Ки аз додашон офарин буд баҳр”. буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад: Парчам нишони мост, Симурғи некфол Дар осмони мост. Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост, Бал, Ковиёндирафши куҳанориёни мост, Рағми аду муқовимати ҷовидони мост, Дар арши бахт ҷилваи рангинкамони мост, Боланда чун умеди дилу ормони мост, Фарҳанги мо, асолату тобу тавони мост, Чун мисраи баланд Сар барзада зи дафтари табъи равони мост. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди фаровон дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз. Шайх гуфт, ки ин балои бузург аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард. Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки кофарони муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд турову муридони туро амон нахоҳанд дод. Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардум будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз Хоразм берун равам. Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард Шайх аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул бархост. Чун сангҳои доманаш ба охир расид аз дасти парчамбардори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно мегӯяд: Дар дасти дигар парчами кофар дорем, ишора ба ҳамин парчами муғул аст: Он тоҷ, тоҷ бар сари болои миллат аст, Анвори ӯ таҷассуми фардои миллат аст В-он печутоб мавҷ зи дарёи миллат аст, Яъне хабар зи мавҷи гуҳарзои миллат аст, Ҳар наҷм шаҳчароғ ба шабҳои миллат аст, Болои ӯ қомати зебои миллат аст. Ниёкони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба пиндори бархе забоншиносон Ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат дирафши ковиёнӣ байрақи шоҳӣ маҳсуб мешавад. Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони сосониён Яздигурди 3 вуҷуд дошт ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо дар Қодисия ба дасти сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ғанимат афтод ва Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Халифа Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи сарчашмаҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд: Парчам, маро ҳамеша тамошоят орзуст, Як мисраи баланди чу болоят орзуст! Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанўз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчам”-и давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рангҳои ранга аст; – Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; – Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; – Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар; Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. МДТ ” Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода Исмоил Ёқубҷон 0 Мубодила кардан