Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Маҳфили илмии фаннии “Химикони ҷавон”.    Санаи 06.12.2023 дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи аз тарафи шуъбаи таълим ва шуъбаи илмӣ-методӣ тасдиқгардида дар доираи ҳафтаи фаннӣ бахшида ба 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи омӯзгори кафедра, роҳбари маҳфили илмии “Химикони ҷавон” Санавбари Ёдгор  машғулияти кушоди маҳфил бо аъзоёни фаъоли маҳфил аз ҳисоби донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсили рӯзона) дар мавзӯи “Элементҳои гурӯҳи шашум(гурӯҳчаи оксиген) гузаронида шуд. Дар машғулияти кушод декани факултети”Кори фарматсевтӣ” ( таҳсили рӯзона) Набизода Қ.В., декани факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсили шабона) Гулов Э.С., мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” Сангинов Ғ.Н., мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О.Ғ. ва омӯзгорони ин кафедраҳо иштирок намуданд. Нақшаи маҳфил аз бандҳои зерин иборат буд: гурӯҳбандии донишҷӯён, маълумоти гурӯҳҳо дар бораи элементҳои зергурӯҳи асосии гурӯҳи шашум, маълумот дар бораи зергурӯҳи иловагии гурӯҳи шашум, тартиб додани сохти қабатҳои электронии элементҳои гурӯҳи шашум аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳҳо, ҳозирҷавобии донишҷӯёни гурӯҳҳо, тартиб додани номи элементҳои гурӯҳи шашум бо ҳарфҳо, маълумот дар бораи олимони соҳаи илми кимиё ба воситаи карточкаҳо, мувофиқати байни формулаҳои химиявӣ ва номи пайвастагиҳо ва гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ. Дар раванди машғулият ҳарду гурӯҳ ҳам фаъол буданд ва аз тарафи ҳакамон ба онҳо баҳои баланд дода шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.