Хабарҳо ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” ВИКТОРИНАИ ХИМИЯВӢ Бо admin Охирин навсозӣ Dec 8, 2023 0 Дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи аз ҷониби шуъбаи таълим ва шуъбаи тарбия тасдиқгардида дар доираи ҳафтаи фаннӣ бахшида ба 32- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 08.12.2023 аз тарафи омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Гирдакова Л.А. бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 103 ва 104 факултети “Кори фарматсевтӣ”(таҳсили шабона) викторинаи химиявӣ гузаронида шуд. Дар викторина декани факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсили шабона) Гулов Э.С., мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О.Ғ. ва омӯзгорони кафедра, инчунин омӯзгорони кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” иштирок намуданд. Дар викторина донишҷӯёни гурӯҳҳо аз фанни кимиёи ғайриорганикӣ бо ҳам рақобат намуданд. Барномаи викторина аз саломномаи гурӯҳҳо, маълумот дар бораи олимони фанни кимиё, аз рӯйи формулаҳои химиявӣ дуруст пур кардани кроссворд, саволу ҷавоби гурӯҳҳо ба якдигар, маълумот дар бораи элементҳои химиявӣ, ёфтани чистонҳои химиявӣ, ҷавоб додан ба саволҳои “Китобҳои пӯшида”, гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ ва пурра кардани ҷумлаҳои нотамом иборат буд. Донишҷӯёни ҳарду гурӯҳ ҳам кӯшиш намуданд, ки донишу маҳорати худро оиди иҷроиши шартҳои викторина нишон диҳанд. Дар фарҷоми викторина ба донишҷӯён тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба ровии викторина ифтихорномаи роҳбарияти муассиса супорида шуданд. Пеш 1 то 23 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан