КОНФЕРЕНСИЯИ XIV ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАҚВИЯТБАХШӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” БАХШИДА БА 32 – ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МДТ“КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Санаи 8 декабри соли 2023, бо ташаббуси роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бахшида ба 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикор ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “ТАҚВИЯТБАХШӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” бо иштироки меҳмонон, олимону табибони соҳавӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Ба ҳайати раёсати конференсия Абдулхолиқзода Лутфия – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор д.и.фарм. профессор, сардори Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Гулҷаҳон Қобил – директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ва н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – директори МДТ “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” шомил буданд.
Бо сухани муқаддимавӣ кори конфренсияиро директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оғоз намуда, доир ба мақоми мутахассисони миёнаи тиббӣ дар рушди тандурустии кишвар, самтҳои тақвиятбахшӣ ва дурнамои рушди омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ, баромад намуданд. Зимнан як қатор масъалаҳои мубрами соҳа, дастовардҳо ва дурнамо манзури иштирокчиён гардид, ки тамоми доираи мушкилотҳои соҳаро фарогир буд. Зикр гардид, ки кори ҳамширагӣ қисми ҷудонашавандаи фаъолияти тиббӣ буда, ба беҳтарсозии солимии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо, тавонбахшӣ, таълими тиббӣ ва ёрии равониву иҷтимоӣ ба беморон нигаронида шудааст. Баланд бардоштани нақши касбӣ, васеъ намудани доираи масъулият ва ваколатҳои кормандони миёнаи тиббӣ аз мо беҳтар намудани сифати таълим, баланд бардоштани дараҷаи масъулият барои нигоҳубини беморон, назорат ва арзёбии фаъолияти кормандони миёнаи тиббиро тақозо менамояд. Инчунин барои тақвиятбахшии омодасозии мутахассисони баландтахассуси соҳаи миёнаи тиб, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода як қатор пешниҳодҳо доштанд, ки аз ҷониби ҳозирин пазируфта шуд. Дар охирсухани хеш, роҳбари муассиса қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари кишвар хуб дарк намуда буданд, ки кишварро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз ҳар як омӯзгорро мебояд, ки дар ин ҷода саҳмгузор бошанд.
Сипас сухан ба аъзои раёсати конференсия, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Абдулхолиқзода Лутфия дода шуд, ки мавсуф оид ба саҳми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хоса МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин бо сухани табрикотӣ Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор сардори Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки тули солҳои охир роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боло бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ дар кишвар корҳои зиёдеро анҷом доданд ва имрӯзҳо МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” на танҳо дар дохили кишвар балки бурун аз он ҳам маъруф ва шинохта шудааст.
Баъд аз ифтитоҳи конференсия, тибқи барнома 17 мавзӯъҳои пешниҳодгардида шунида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки як қатор меҳмонон аз хориҷ ва дохили кишвар, ки имкони сафар карданро надоштанд, тариқи маҷозӣ (онлайн) дар кори конференсия иштирок ва баромад карданд. Аз ҷумла:
-
Пилипец Л.В. – “Инкишофи салоҳияти умумии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ тавассути мушкилотҳои омӯзишӣ” – коллеҷи тиббии шаҳри Тоболски Федератсияи Русия,
-
Суворова И.В. – “Фаҳмиши корҳои назариявӣ – бадеӣ дар машғулиятҳои забон ва адабиёти русӣ ҳамчун мушкилоти методӣ” – коллеҷи тиббии шаҳри Тоболски Федератсияи Русия,
-
Темиралиева Н.А. – “Нравственное воспитание как необходимая состовляющая профессиональной подготовки будущих средних медицинских специалистов” – коллеҷи тиббии шаҳри Уралски Ҷумҳурии Қазоқистон,
-
Граф М.А. – Комплексный подход совершенствования сестринского образования и сестринской практики в Республики Казахстан – коллеҷи тиббии шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон