Хабарҳо КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗУЪИ “МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ КАФИЛИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ” ВА “ НАҚШИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ АҲОЛӢ” БАХШИДА БА “РУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 9, 2023 0 ”Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад” Эмомалӣ Раҳмон Санаи 9-уми декабри соли 2023 тибқи мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тибби Ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. инчунин нақшаи чорабиниҳои шуъбаи корҳои тарбиявӣ дар кафедраи “Фанҳои морфологи” бахшида ба “Рузи байналмилалии мубориза бо коррупсия” конфренсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуъи “Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаи тандурустӣ ” ва “ Нақши соҳаи тандурустӣ дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ” доир гардид. Дар кори канфренсия муовини директор оид таълим МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Одилзода И.Ё. ва муовини директори оид ба илм, иноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С. ва декани факултети “Кори ҳамширагӣ” Қурбонова П.Г. ва устодон, донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок намудаанд. Ҳамоиши бо қироати суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас сухан ба муовинони директор дода шуда қайд намудан, ки яке аз падидаҳои нохуш ва номатлубе, ки ҷомеаи чаҳониро фаро гирифтааст, ин ҳодисаҳои коррупсионӣ мебошад. Пеш аз ҳама мо бояд ба моҳияти ин калима яъне коррупсия сарфаҳм равем ва маънои луғавии онро донем. Коррупсия (калимаи лотинӣ corrupsion- фассод, зараррасонанда, вайронкунанда, бо пора ба худ тобеъ кардан, ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгўи, сўистифода аз мансаб) зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар соҳаи сиёсат ва идоракунии давлатӣ мебошад. Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рўзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун “Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” пазируфта шуд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат бо он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъди хотимаи канфренсия мудири кафедраи “Фанҳои морфологи” МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” Муҳаббатов А.Ҷ. сухан намуда ҳамаи иштирокчиёни конференсияро ба “Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” мубаракбод намуда барои иштирокашон минатдорӣ баён намуданд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан