Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САҲМ ГУЗОШТАН ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳр ванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир дар баробари мушкилотҳои ҷаҳонӣ ба монанди терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин коррупсия мебошад. Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои зидди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои хирадманд ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нест кардани ин падидаи номатлуб якчанд корҳоеро ба анҷом расонидааст. Аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Муқовимат бо коррупсия” ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони возеҳи гуфтаҳои болост.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии фаъолияти худро дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Новобаста аз он, ки бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи шадид амалӣ мегардад, ба туфайли амалҳои ношоистаи баъзе аз мансабдорон ва шахсони воқеӣ чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта мешавад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Муқовимат ба коррупсия” мафҳуми коррупсия чунин дарҷ шудааст:
Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд карда буданд, ки: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рӯшди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Хулоса коррупсия яке аз амалҳои номатлуби инсонӣ буда, ҳар яки мо – шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки нисбати он мубориза барем. Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишваррро зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намоем ва дар рӯшди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузорем. Чунки дӯст доштан ва ба қадри ин сарзамини биҳиштосо расидан вазифаи шаҳрвандии мост.

Раҳмонова Мевагул Шарифовна – мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.