Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ГАРДИШИ НАВБАТИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

11 декабри соли 2023 бо дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати ҷонноксозии кор ва фаъолияти таълимӣ, назорати давомот ва сифати таҳсил ва тарғиби риояи қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса махсусан миёни донишҷӯёни факултетҳои таҳсилашон шабона аз ҷониби мутахассисони шуъбаи таълим ва садорати шуъбаи назорати сифати таҳсилоти муассиса дар бинои таълими №3 гузаронида шуд.

Мутахассисони шуъбаи таълим ва шуъбаи назорати сифати таҳсилот усулу равишҳоеро, ки ба баланд бардоштани самаранокии раванди таълим мусоидат мекунанд, фаъолона муҳокима намуданд. Идеяҳо ва равишҳои навоварона пешниҳод шудаанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки донишу малакаи беҳтар пайдо кунанд.

Дар рафти назорат муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. ба ҳозирин муроҷиат намуда, таъқид сохтанд, ки масоили риояи интизоми давомоти донишҷӯён ва сифати дарсазхудкунии донишҷӯён таҳти назорати қатъии роҳбари муассиса қарор дорад ва мо ҳамагон низ дар ин бобат бетараф набошем.

Дар рафти назорат ба донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, оид ба манфиати риояи оинномаи коллеҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба донишҷӯён оид ба қоидаҳое, ки фаъолияти коллеҷро танзим мекунанд, маълумот дода шуда, манфиатҳои риояи ин қоидаҳо шарҳ дода шуданд.

Мақсади назорати шуъбаҳо барои баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани фазои мусоиди таълим барои донишҷӯён вогузор шуда буд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.