Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БИЁМӮЗУ БИШНАВ ЗИ ҲАР ДОНИШЕ…

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар паёмҳо саршор аз ифтихори ватандору, хештаншинос, тамаддунсозу фарҳангпарвар, ободкору созанда будани шаҳрвандони Тоҷикистонро бозгӯ намуда, кушояндаи роҳ ба сӯи қуллаи фатҳу зафар мебошад.
Пешвои миллат ҳамчун як сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳамавақт кӯшишу талошҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа дар ҷойи аввал гузошта, иброз намуданд, ки барои ба ин мақсад ноил гаштан ва омӯзондани забонҳои хориҷӣ ҳанӯз аз боғча оғоз намудан лозим меояд. Сарвари мамлакат ҳамасола дар Паёми худ пайваста таъкид менамоянд, ки вақте ки халқ бесавод мемонад, ин бадбахтии миллат аст.Ҷалб намудани насли наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ ва мутолиаи китоб ва ҳарчӣ бештар зиёд намудани иштироки онҳо дар озмунҳои Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва дигар озмунҳо ба манфиати миллату давлат хоҳад буд.
Қобили тазаккур аст, ки омӯхтани илм ҳанӯз дар осори адибони гузаштаи мо сар карда аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсию Анварӣ, Ҷалолуддини Балхию Низомӣ, Хоҷа Ҳофизу Саъдӣ, Мавлоно Ҷомию Фаридаддуни Аттор то ба устод Айнию Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқи ширинбаён ва ғайраҳо васф гардида, дар шакли дастури таълимии адабиёт пешкаши хонанда гардидааст.
Аз саволу ҷавобҳои Нушервони Одил ва Бузургмеҳр пайдост, ки инсоният аҳамияти илму донишро дар зиндагӣ хеле барвақт дарк намудаанд. Мусаллам аст, ки умр ба таҳсили илм ва ҳунару адаб бояд сарф намуд ва натиҷаи илм он бувад, ки хонандаи илм агар кеҳ(хурд-ба маънои мартаба) бошад, меҳ (бузург, калон) гардад, агар фақир бошад, тавонгар шавад. Соҳиби илму адабро ҳар ҷо ки равад дӯст доранд, барои он ки маҳз ба «илм, ки болотар аз ибодат аст» машғул шудааст ва роҳи рост ба рушноии илм маълум гардад. Аҳамияти илму дониш дар зиндагӣ беҳамтост ва уфуқҳои омӯзиши он беохир.
Устод Рӯдакӣ илму фарҳангро беҳтарин ганҷ «андар дил чароғи равшан» ва «бар тан ҷавшан» номида насли наврасро панд медиҳад, ки онро як умр биомӯзанд.
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Ҳаким Фирдавсӣ омӯхтани илму донишро тарғиб карда таъкид менамояд, ки шахси доною донишманд тавоно ва дилаш ҳамеша барност.
Биёомӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
Синои бузург дар бобати илму ҳикмати инсонӣ чунин фармуда;
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.
Хосатан шахсони соҳибилм нармгуфтору ширинсухананд ва аз қудумашон манзил мунаввар ва хон пурфайз мегардад, аз суҳбати эшон баракот дар кору пайкор ва нур дар дилҳо мунаввар гардад.
Ба ин маънӣ Носири Хусрав фармуда;
Магӯ аз суҳбати доно зиён аст,
Агар донӣ, зи умрат ҳосил он аст.
Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро китоби рӯимизии худ қарор дода, мекӯшем то барои соҳибилму соҳибмаърифат ва соҳибкасб намудани аҳли ҷомеа саҳми худро гузошта бошем.

М.Олимова – мутахассиси шуъбаи илмӣ-методии МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.