Тавре огаҳӣ дорем, санаи 28-уми декабри соли 2023 сокинони мамлакат Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки Паёми имсоларо низ чун ҳамасола мардуми кишвар бесаброна интизор буданд ва дастаҷамъона ба тамошо пардохта, ҳар як нуктаи онро дар зеҳни худ ҷой доданд.
Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2023 бо вуҷуди душвор будани вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он барои Тоҷикистон бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор ва пурфайзу бобаракат арзёбӣ гардид.
Яке аз нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.(Эмомалӣ Раҳмон 28.12.2023)
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 фоизи аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон-низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷомеа татбиқ мегардад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ зиёд гардид. Қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоту вохӯриҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон; таъсиси коллеҷ, донишкада, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии типи нав, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.
Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.(Эмомалӣ Раҳмон 28.12.2023)
Эътимоду боварии Сарвари давлат, талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, нигоҳдории дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина ватани азизамон боз ҳам рушду инкишоф хоҳад ёфт.
Бо дарки ин нуктаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.
Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.(Эмомалӣ Раҳмон 28.12.2023)
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир барои тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат шуруъ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои худро истифода карда, барои таълиму тарбия ва обутоби онҳо аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ ҳамаи шароитро фароҳам оварда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро созандагони Ватан номида, аз ин табақаи ҷомеа давомдиҳандагони анъанаҳои неки миллат ном гирифтаанд.
Масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон дар меҳвари Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад. Ҳамасола дар Паём ба ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир шуда, дар самти дастгирӣ ва таъмини шароити мусоид ташаббусҳои созанда роҳандозӣ мешавад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати шинос шудан бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти ҷавонони кишвар чандин мулоқоти озоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат доир гардид.
Мулоқотҳои пайвастаи Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати пешвоёнаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад. Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят сохтан вазифаи муқаддаси ҳамаи узви ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистон ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд” ва дар ҷойи дигар таъкид месозанд, ки “… ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафакури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастани наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллои миллати худро эҳё намоянд”.