Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАКОЛА ОИДИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат ба рушди минбаъдаи ҷомеаи имрӯзаи кишварамон мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.  Мақсади Пешвои миллат ин аст, ки мо ба муваффақиятҳое, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ноил гаштем, қонеъ нашуда, дар баробари такон бахшидани ин соҳаҳо,  инчунин, рушди деҳотро низ таъмин созем. Чи хеле, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худашон чунин қайд намуданд, ки  “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шудааст.  Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд”. Сафи бонувон рӯз то рӯз ба рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ зиёд шуда истодааст,  аз он ҷумла саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Бояд зикр намоям, дар баробари зан – модар ҳамчун тарбиятгари насли наврас боз вазифаи муҳими ҷамъиятиро ба дӯш дорад. Зан имрӯз на танҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ балки дар тамоми самтҳои рушди иқтисодӣ ва  беҳбудии рӯзгори халқи тоҷик саҳмгузор ҳастанд.

Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваъзияте ироа гардид, ки кишвар ба суи равон аст, ва дар ин ҷода ба комёбиҳои зиёде ноил гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири Паёмашон чунин қайд карданд:

“Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ, муқаддаси истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Мамадаминова С.Ҳ. мудири кафедраи «Педиатрия» – и
МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.