МақолаҳоХабарҳо СОЛИМИИ АҲОЛӢ-САРВАТУ БОЙГАРИИ БЕБАҲОИ ДАВЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ Jan 19, 2024 0 (чанд андеша дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28.12.2023) Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. (28.12.2023 Эмомалӣ Раҳмон ) “Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст”, Ҳадафи аслии ҳар як кишвар таъмини сатҳи болои зиндагӣ ба шаҳрванд, бунёди ҷомеаи солим дар рушди ботадриҷи он аст. Саломатӣ чун арзиши мондагори ҷаҳонӣ, миёни бартариҳои вуҷуддошта дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад. Мафҳуми саломатӣ, дар ҷаҳони муосир аз нуқтаи назари мавҷудияти таҳдиду муборизаҳо, афзоиши ниёз ба дастрасӣ ва сифати хадамоти беҳдоштӣ, имконоти таъмини фанниву маблағгузории он, чун ҳаққи комили ҳар як фард маънидод мешавад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд. (28.12.2023 Эмомалӣ Раҳмон) Системаи тандурустӣ, ба сифати масъули ҳифз ва тақвияти саломатӣ дар ҷомеаи кунунӣ бо проблемаҳои гуногуне, чун рушди босуръати аҳолӣ, афзоиши қиммати хизматрасонии тиббӣ ру дар рӯст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки аз таҳдиди баланд шудани арзиши хидматрасонӣ ба базаи муҳими соҳаи тандурустӣ ҷилавгирӣ намуда, ҳуқуқи инсон ба саломатӣ ва кӯмаки тиббӣ, дастрасии умум ба хизматрасонии тиббӣ, усулҳои ҳамбастагӣ ва адолати иҷтимоӣ, баробарии дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, сатҳи баланди хадамоти беҳдоштӣ дар кишварро тақвият бахшад. Ҳадафи стратегии давлату ҳукумати кишвар дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти тиббӣ таҳким бахшида шуданд. Аз ҷумла дар даврони истиқлолият як қатор қонунҳои соҳаи тиб таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки дар онҳо барои рушди соҳаи тандурустӣ заминаи меъёрии ҳуқуқии муосир фароҳам оварда шуда, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳа, муассисаҳои табобативу пешгирикунанда ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ дар ин самт муайян ва мушаххас гардидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд. (28.12.2023 Эмомалӣ Раҳмон) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавии босуръат зери сарварии фарзанди баруманди хеш – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нигини пурарзиши ҷомеаи башар табдил ёфта истодааст. Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, яке аз самтҳои мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Бо мақсади ҳифзи солимии наврасон ва ҷавонон ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ тасдиқ шуданд, ки миёни онҳо солимии репродуктивии аҳолӣ ва солимии ҷавонон мақоми хосса доранд. Беҳтарсозии солимии репродуктивии аҳолӣ дар асоси эътирофи ҳуқуқи репродуктивии марду зан ба огаҳ будан ва дастрасӣ доштан ба усули бехатар, самарабахш ва қобили қабули танзими оила равона гардидааст. Таваллуди кӯдаки солим ва пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, аз ҷумла бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам дар мадди аввал қарор ёфтаанд. Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад. (28.12.2023 Эмомалӣ Раҳмон) Баҳри ҳифзи саломатӣ ҳар як шахс масъул буда, ҳангоми нотобшавӣ, барои беҳбудии он чораандешӣ менамояд.Чунончи, Пешвои миллат фармудаанд, «Саломатии миллат-боигарии давлат». Албатта, миллати солим баҳри нашъунамо ва рушди мамлакат зарур мебошад. Баҳри барқарор намудани саломатии мардум, табобати бемориҳои гуногун аз замонҳои куҳан табибон заҳмат кашида, бо чашми тезбину дасти сабуки худ, дили гарми пурмеҳру зеҳни худододи худ ба комёбию муваффқиятҳо ноил гаштаанд, номашон вирди забон гардидааст. Бо супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меҳнати аҳлона, тартиботи ягонаи кормандони тиб, зери роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ба комёбию муваффақиятҳои чашмрас ноил гардиданд. Мунаваров Беҳруз Абдулазизович Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан