Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЁМҲОИ ПРИЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРИСТӢ

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва дар марҳилаи кунинӣ тақвият ёфта истодааст. Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон дар мамлакат Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани даҳҳо барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин бахши муҳим дарак медиҳанд. Бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. «Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд, зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд». Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад ва “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санаи 01.09.2022 таъкид намуда буданд, ки: «Ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳсилоти олии касбӣ мебошад». «Таҳия ва татбиқи Консепсияи ислоҳоти тандурустӣ, барномаи базавии расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ҷорӣ намудани тартиби такмилдодашудаи пешниҳоди намудҳои кафолатноки хизматрасониҳои тиббӣ ва такмили марҳила ба марҳилаи меъёрҳои тандурустӣ аз вазифаҳои муҳими мо мебошад».

(Бардошт аз паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” аз 28 декабри соли 2023)

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Чанд рӯз пеш бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Кормандон дар биное, ки 60 – 70 сол пеш сохта шудааст, дар шароити бисёр номусоид кор мекарданд ва аксари воҳидҳои сохтории вазорат дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт фаъолият доштанд. Акнун, ки шароити беҳтарин муҳайё гардид, бояд фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст. Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд. Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад. Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои калидии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро зимни баромади хеш бо табибони кишвар, санаи 18 августи соли 2023 ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ – Абӯалӣ ибни Сино, ки поягузори илми тиб ба шумор меравад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.

Мудири кафедраи “Фанҳои морфологи”

МДТ “Коллеҷи Тибби Ҷумҳурявӣ” Муҳаббатов А.Ҷ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.