Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЁМ-РАҲНАМО БА ОЯНДАИ НЕК

Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз  замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва то кунун ба масоили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд.

Махсусан, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳаи маорифи кишвар дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин давра баҳри таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар зина ба зина тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд.

Воқеан ҳам соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маорифи кишвар дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хоса дошта, бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Президенти мамлакат 28-уми декабри соли ҷорӣ зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои мазкур ибрози назар намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ин соҳаҳои арзишманд таъкидҳо низ карданд. Инчунин афзуданд, ки “Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ва маорифи кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.”

Дар ин замина, дар асоси вазифаҳои дар назди масъулони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаи илму маориф алалхусус самти хизматрасонии иҷтимоӣ гузоштаи Президенти кишвар, фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешрафт дар соҳаи илму маорифи кишвар ба роҳ монда шуда, тавассути дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рушд ёфта, шумораи муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин соҳаҳо низ зиёд гардидааст.

Дар маҷмуъ, метавон чунин хулоса кард, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маорифи кишвар дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат таъмин гардид.

Қобили қайди махсус аст, ки барои таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдоди ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маорифу тандурустиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки баръало ба мушоҳида мерасад, Сарвари давлат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд.

Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

Албатта ин нишондиҳандаҳо аз як тараф натиҷаи ғамхориҳои сарвари давлат ба соҳаи маориф ва тандурустии кишвар бошад аз сӯйи дигар содиқона фаъолият кардани кормандони соҳаи тиб ва маорифчиёни мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди кишвар, бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Дар қатори дигар соҳаҳо зиёдшавии музди меҳнати кормандони илму маориф, соҳаи тандурустии кишвар  ва стипендияи донишҷӯён низ дар назар дошта шудааст.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф ва соҳаи тандурустӣ мо омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Донишҷӯён бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд.

Онҳо бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худашон аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд.

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз андешаҳои миллӣ, идеяҳои ватандӯстона ва таҳлилу баррасии амиқи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро фарогир аст. Дарвоқеъ, ба масъалаи рушди бонизоми соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дигар самтҳо дар Паём таваҷҷуҳи хоса равона карда шуд. Дар баробари дигар масоил масъалаҳои рушди устувори соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва роҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи ободу дурахшон дар меҳвари Паём қарор доштанд.

Ҷавобан ба ин ғамхориву пуштибониҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ‐ омӯзгорон пайваста ҷаҳду талош менамоем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро барои тарбияи насли шоистаи замон ва ба камол расонидани насли воқеан босаводу бомаърифат, ватандӯсту хештаншинос равона намоем.

БИЛОЛ БОБОЕВ-Декани факултети “Кори ҳамширагӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.