Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: НИГОҲ ДОШТАНИ САЛОМАТӢ ВА НЕКӮАҲВОЛИИ УМУМӢ

Субҳи имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ташаббуси директор, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, аз ҷониби тамоми ҳайати кормандону омӯзгорон машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Ин чорабинӣ як воситаи муҳими нигоҳубини саломатии ҷисмонӣ ва эҳсосотӣ мебошад, махсусан дар муҳити пуршиддати таълим.

Дар ҷаҳони имрӯза, ки аксари мо қисми зиёди рӯзро дар ҳолати статикӣ ё худ бозистода дар сари миз мегузаронем, машқҳои ҷисмонӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим гардидааст. Машқи саҳарӣ ба мо кӯмак мекунад, ки баданро бедор ва зеҳнро тоза гардонида, бо ин васила хоби саҳариро пароканда ва худро ба рӯзи пурсамар омода созем.

Бояд гуфт, ки чунин чорабинихо дар муассисаи таълимии мо ба ҳукми анъана даромадаанд. Бо ибтикор ва роҳбарии директори муассиса, ки нисбати саломатӣ ва некӯаҳволии тамоми ҳайати педагогӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд, машқҳои пагоҳирӯзӣ тақрибан ҳар рӯз гузаронида мешаванд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки тарзи ҳаёти солимро нигоҳ дорем ва изтиробро коҳиш диҳем, ин дар навбати худ бошад ба муваффақияти таълимии мо таъсири судманд мерасонад.

Машқи пагоҳирӯзи дар бинои асосӣ таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. гузаронида шуд. Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Холов Т. ба ҳайси  мураббӣ усулҳои дурусти тамринҳои пагоҳирузиро ба ҳозирин меомузонд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.