Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШОДИИ ДИЛАМ, МОДАР, ҲОДИИ ДИЛАМ МОДАР

Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.
Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё дар васфу тараннуми ӯ оҷизӣ мекашанд. Зан – Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Модар хуршеди анвару моҳу ахтар ва бахту иқболи ҳар фарзанд буда, барояш чашмаи ҳаёт ва оғозбахши зиндагии пурсаодат аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «дар ақсои олам сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд. Модари тоҷик ҳазорон фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳраш ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ намудааст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саҳми занон – модаронро дар рушду нумӯи давлатдорӣ, тарбияи насли наврас, ободу зебо намудани мамлакат бориз арзёбӣ намуда, дар ҳама самтҳо онҳоро ба фаъолият ҷалб намуданд. Баробарии ҳуқуқи мардон ва занонро моддаи 17 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, балки сиёсатмадор, олим, сарвар, соҳибкор, табиб, донишманд,  ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқон, муҳандис, омӯзгор ва ҳамшираи меҳрубонро мебинем, ки ин ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Ҳама эъҷозу парвоз, эҷоду бунёд ва мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст.

Дар баробари ин ҳама заҳмату меҳнатҳою шабзиндадориҳои модарони хеш мо бояд ҳамеша аз пайи ба даст овардани дили онҳо бошему доимо баҳри хизматашон омода бошем. Агар дар оила  сараввал модарон меҳрубон, мушфиқу ғамхор бошанд, аз ӯ фарзанди нек ба воя мерасад.

Модар, дар ҳақиқат, олиҳаи ҳусну зебоӣ атокунандаи меҳр азизтарин инсон дар рӯйи замин аст. Танҳо Модар метавонад ба рӯйи гаҳвораи фарзанд бедор нишинад бо дидаи бехоб ва бо лаҳни дилнишин аллаи пурмеҳру муҳаббат бихонад.

Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад. Модар ба қавли бузургон бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Падару модар пару боли фарзандон мебошанд:

Аз ғайб сипар дорам, зеро ки туро дорам,

Тӯмори қамар дорам, зеро ки туро дорам.

Шодии дилам, модар, ҳодии дилам модар,

Дар ишқ сафар дорам, зеро ки туро дорам.

Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар сарчашма мегирад. Шоирон дар тўли таърих дар васфи Зан – Модар шеъру достонҳои зиёде навиштаанд. Онҳо Зан –Модарро ҳамчун чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мо муаррифӣ намудаанд. Воқеан, таҷрибаи фардии ҳар яки мо аз он далолат мекунад, ки фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои Модар сарчашма мегирад. Дар ҳақиқат, зани хубу накукор осудагиву роҳати мард аст:

Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,

Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.

Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,

Дар зиндагӣ зан набошад, мардро ғамхона аст.

Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,

Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

Дар “Ҷомеъу-с-сағир” омадаааст, ки: “Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар ва хашми Худованд дар хашми падару модар аст”.

Зан – Модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи мукаддас ва басо масъулиятнок, яъне тарбияи инсон ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат,  эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ ба ӯҳдаи Зан – Модар гузошта шудааст.

Бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ, фарорасии баҳори тозаи умр ва Рӯзи Модар – иди фархундаи модарони азиз ва хоҳарони арҷмандро бо эхтирому камоли ихлоси фузун ба ҷамъи модарони Тоҷикистон хуҷастабод гуфта, барояшои олитарин ормонҳои зиндагӣ, рӯзгори бофароғат ва пурфайзу баракатро таманно дорам.

Бигзор офтоби муҳаббати модарони тоҷик бо нури садоқату рафоқати гарми худ фазои зиндагии моро дучанд равшан, меҳрубон ва саршор аз шодиву орзуҳои нек бигардонад. Идатон  муборак бошад, модарони азиз ва хохарони арҷманд!

Ҳасанзода Абдулҳамид Ҳасан

Мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқуллода,

мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.