Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ – ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ”

Санаи 5 – уми марти соли 2024 тибқи нақша – чорабиниҳои корҳои тарбиявӣ, дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Модар – сарчашмаи ҳаёт” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” н.и.ф., Назарова М.С., мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш., устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинӣ аз тарафи устодони кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Бердиев М.Г., Маматова Р.М. ва Шарифхонзода Ш.Ш. дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Чорабиниро бо сухани табрикотӣ мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – Раҳмонова Мевагул Шарифовна оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Сипас саҳми арзандаи занонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар соҳаи таълиму тарбияи кишвар қайд карда, аз суханони муҳтарам Пешвои миллат ёдоварӣ карданд:

«Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.

Инчунин дар чорабинӣ мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” н.и.ф., Назарова Маърифат Сангинмуродовна баромад намуда, дар васфи Зан-Модар суханони бузургонамонро ёдовар шуданд.

Сипас дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи шӯъбаи корҳои тарбиявӣ омӯзгорон Бердиев М.Г., Маматова Р.М. ва Шарифхонзода Ш.Ш. маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Устодон зимни баромадашон доир ба нақш ва манзалати занону модарон дар рӯшди ҳамаи соҳаҳои кишвари азизамон ёдовар шуданд. Инчунин аз ҷониби донишҷӯён сурудҳо ва шеърҳое, ки тарранумгари бузургии зан – модар буд иҷро гардиданд, ки он дар тарбияи ҷавонон саҳм мегузорад.

Дар интиҳои чорабинӣ мудири кафедра бори дигар бонувони кафедра ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба фаро расидани иди фархундаи Рӯзи модар – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил мубаракбод гуфтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.