Хабарҳо ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ-ФАРҲАНГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 6, 2024 0 Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ Санаи 6-марти соли 2024 тибқи нақша-чорабиниҳои корҳои тарбиявӣ дар кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”- и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ зери унвони “Зиндаги аз модар оғоз мегардад” ташкил ва ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур мутахассисони сифати таҳсилот Мазабова Н. Н., Ғайбулоева З., корманди ШИМ Ҷумаева Ҷ., мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ” Раҳмонова М. Ш., мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” н.и.ф. Назарова М. С., устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабини аз тарафи устодони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Дилангези Раҷаб ва Салимова Дилфуза дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд. Чорабини бо сурӯди модар дар иҷрои Тағоймуродзода Зиёда оғоз гардид. Сипас омӯзгори кафедра Дилангези Раҷаб дар мавзӯи “Аз таърихи 8-март маърӯза намуд. Баъдан саҳначаи тарбиявӣ оиди эҳтироми модар, суруди аллаи модар, қироати шеърҳо дар ситоиши модар, ва иҷрои рақс аз ҷониби донишҷӯён ба чорабини ҳусни анҷом бахшид. Сипас мутахассиси сифати таҳсилот Мазабова Н. Н., ба сухан баромада, қайд намуд, ки “Рузи модар” дар кишварамон гувоҳи равшани мақоми баланди зан модар дар ҷамъияти мо мебошад. Зеро Зан-модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат мебошад. Модарони худро дӯст доред ва эҳтиёт намоед. Дар анҷоми чорабинӣ мудири кафедра бонувони кафедра ва дар симои онҳо модарон духтарон ва хоҳарони сарбаланди кишварро бо Рӯзи модар-ҷашни зебои бо чанд мисра шеър анҷом бахшиданд: Оча қурбони туам, Пораи ҷони туам. Оча эй очаи ҷон, Гарди домони туам. 0 Мубодила кардан