Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.(Эмомалӣ Раҳмон)
Вожаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои олам якранг бо садои оҳанги навозишкорона танинандоз аст. Новобаста аз сину сол инсон барои ӯ меҳру муҳаббати модар-навозишу нигоҳи вай зарур аст, чунки ягона меҳри беандозаи модар метавонад, ки моро ба олами маони раҳсипору ҳомӣ бошад. Ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшонтару самими- тар мегардад. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайзу баракат нахоҳад гашт. Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат ва симои хонадон аст. Адибону олимону шоирон ва бузургону фарзонагони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор ва нотакрор гуфтаанд. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотару ноёбтар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар он занҳо кору пайкор надошта бошанд ва дар ҷамъияти имрӯза занон дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гулгулшукуфон мегардад.
Воқеан мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар аз ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
То пои равон доред,сад шукри Худо гӯед, То нимаи нон доред,сад шукри Худо гӯед. Аз ганҷи ҳама дунё,болотару волотар, Чун модари ҷон доред,сад шукри Худо гуед!
Аз рӯзи таваллуди башарият дар васфи зан бузургон дар китобҳову мақолаҳо навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Ӯ чун модар мавҷуди муқаддасест, ки ҳамаи адибону донишмандон ва бузургони олам аз домани поки модар ба дунё омада, бо шири равонбахшаш ба воя расиданд. Бузургӣ ва мақоми зан–модар дар ислом бисёр баланд буда, дар Қуръони Карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Дар яке аз ҳадисҳо Паёмбар таъкид кардааст, ки «Ҳурмат кунед модаратонро, ҳурмат кунед, модаратонро, ҳурмат кунед модаратонро, баъд аз он падаратонро» ва «биҳишт зери қудуми модарон аст». Ин ва дигар андеша аз мақоми баланди Модар дар ҷамоаи суннатии ниёгони мо ҳикоят доранд.