Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МОДАР ФАРИШТАИ ҲАЁТ ВА ҲОМИИ ЗИНДАГӢ

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст.

Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Чи гунае ки Пешвои миллат пайваста зимни ироаи паёмҳо таъкид мекунанд:

Ҳамду Сано ба Модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯйи замин!

Эмомалӣ Раҳмон

Ба забон гирифтани калимаи Зан-Модар, ки назокату малоҳат ва фасоҳату мазмуни рангин дорад ҳамчун накҳати гул афсуни табассум дамида, назди ҳар шахсият арҷманду муқаддас ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди содагӣ, бисёр ширину гуворо ва дилнишин буда, ҳангоми талаффузи калимаи модар инсоният бидуни шакку шубҳа, хешро фориғ аз тамоми ниёзҳо медонад. Садо ва симои модар фаромӯшнашавандаанд.

Канори модар дабистони кӯдакии инсон аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси ҳаёти мост. Модар инсонҳои бузургро дар олами ҳастӣ меофарад ва зиндагиро таровати тоза мебахшад. Воқеан, тамоми бузургони ҷаҳон малеҳтарин суханҳоро дар васфи модар гуфтаанд, ки нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги модар мебошад. Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Дили модар барои фарзанд волотарин маъвост. Ҳеҷ гуле ранг, зебоӣ ва дилрабоии модарро надорад.

Зан беҳтарин муъҷизаи Парвардигор дар рӯйи замин ва азизтарин кас барои инсон аст. Зеро ӯ нигаҳбони ҳаëту созандаи шахсият буда, баҳри ба роҳи рост даровардани фарзандон аз нозукиҳои тарбияту таълим истифода менамояд. Ва он меҳру муҳаббате, ки модар нисбати фарзанд дорад ҳеҷ мавҷудоте онро тағйир дода наметавонад. Худованд ба зан зебогӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, наслофарӣ ва фариштахуиро эҳë намудааст. Олиҳаест нотакрор, раҳкушои тамоми ҷодаҳои пуртуғëни зиндагӣ ва дари хушбахтиҳост. Ин аст, ки модарро ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар медонанд. Дар хонадоне, ки аз меҳру муҳаббат, навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нест, он ҷо баракат нест. Беҳуда нагуфтаанд: “Саодати зиндагӣ дар калима зан нуҳуфтааст”.

Дар сиёсати хирадмандонаи худ Пешвои миллат баҳри устувор гардидани мавқеи бонувон дар Тоҷикистон заҳмат мекашанд, ки мо бонувони тоҷик инро ҳар лаҳза эҳсос мекунем. Суханони Пешвои миллат дар Паём: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем” далели гуфтаҳои болост. Зани тоҷикро имрӯз ҳамчун зани кордону оқила дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд, ки ин мавқеъ аз ғамхориҳои Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат заҳмати бонувонро ҳамеша қадр намуда, дар Паём аз талошҳои онҳо чунин ёдовар гардиданд, ки боиси ифтихори мо бонувон аст.

Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ қабул карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд.

Дарвоқеъ, зиндагӣ собит кард, ки зан қудрат дорад сиёсатмадори хуб, табиби ҳозиқ, муҳандиси ботаҷриба, рӯзноманигори хушсалиқа ва модари ғамхор мебошад. Рисолати ҳар як зан – модар, пеш аз ҳама тарбияи фарзанд аст, яъне фарзанде, ки бо як ҷаҳон ифтихор ӯро ояндаи Тоҷикистон мегӯем. Охир, беҳуда занро фариштаи замин ва дилработарин офаридаи осмонӣ нагуфтаанд. Ӯ партави ҳастист, ки метавонад, зиндагии моро рӯшан созад. Дар домани модар ҳама орзую ҳавасҳои фарзанд гул мекунад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ бо фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғмхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар  – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фурӯд овардаанд.

Ҳама пайғамбарону анбиё, олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рузгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.

Эмомалӣ Раҳмон.

MOTHER ANGEL OF LIFE AND PROTECTOR OF LIFE.

Mother is the beginning of human existence, creator and sustainer of human life. Her soul is filled with love and grace, which made her a great and holy being of all times.

The great people of the world praise the mother’s mercy, virtue, generosity, humility, hard work and vigilance and sing praises to her holy name.

Mother’s side is the kindergarten of human childhood. His endless love and warm caresses are the beacon of our life. Mother creates great people in the world of existence and gives life fresh freshness. In fact, all the great people of the world have said the best words in honor of the mother, which is a sign of paying tribute to the great services of the mother. The first coach and teacher of a child is the mother. A mother’s heart is the best for her child. No flower has the color, beauty and charm of a mother.

It should be said that during the period of independence, in order to protect the legal interests of women and girls, the Republic of Tajikistan adopted more than 20 important state documents, and in 2014, the Republic of Tajikistan became a member of the United Nations Commission on the Status of Women, which created a more favorable basis for the activities of women and girls. they brought.

Knowing the value of a wife and mother and honoring her mission is the duty of every virtuous person. Not only writers, poets and philosophers mentioned the great role of women in life, but those who planned the scene of huge battles and tried to open the country, remembered the greatness of women and mothers and bowed before her majesty.

All prophets and prophetesses, scientists and poets, artists and artisans are the gardeners of the fragrant garden of the world of mother’s passions. Therefore, everyone should know the value of this priceless gem.

The heavenly smell of the mother and the pleasure of her pure and white milk will never fade away from the child’s bed.

Назарова Рафоат

омӯзгори кафедраи “забони англисӣ”-и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

 

Nazarova Rafoat

teacher of the “English language” department

SEI “Republican medical college”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.