МақолаҳоХабарҳо ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ КИШВАР Бо admin Охирин навсозӣ Mar 12, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат аз бурду бохти давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба дастовардҳои соли 2023-юм дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар андешарони намуданд. Сарвари давлат зимни ироаи паём, раванд ва рушди босуботи соҳаи маорифро арзёби намуданд. Соҳаи маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлати мустақилро ташкил медиҳад, зеро ҳамаи афроди ҷомеа танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, соҳаи маорифро метавон модари ҳамаи соҳаҳои дигар номид. Зимнан, сарвари кишвар таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҷавонон ва занону бонувон ихтисосу ҳунарҳое , ки барои бозори меҳнат заруранд, таълим дода шаванд. Сарвари кишвар зимни суханронӣ борҳо ба масъалаи рушди соҳаи маориф дахл намуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятнокӣ сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Мақсади эътибори аввалиндараҷа ба соҳаи илму маориф дар Паёми Сарвари давлат роҳандозии ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва рафъи давра ба давраи мушкилоти мавҷуда арзёбӣ гардид. Имрӯзҳо дастовардҳо дар самти соҳаи маориф хуб аст, вале набояд бо ин нишондиҳандаҳо мо қонеъ шавем ва таваҷҷуҳи асосиро дар ин соҳаи ҳаётан муҳим равона созем. Мо омӯзгоронро зарӯр аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки дар соли 2023 2,6 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Маҳз дар соли 2023 дар кишвар 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар робита ба ин Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш супориш доданд, ки дар баробари дигар қишрҳои пешбарандаии ҷомеа музди маоши кормандони соҳаи маориф 40% баланд бардошта шавад. Дар ҷавоби ин ғамхории пешвои миллат имрӯз моро зарур аст, ки рисолати касбии хешро аз ҳарвақта дида боз ҳам бештар иҷро намоем. Зарур аст, ки худ намунаи ибрат барои насли ҷавон бошему дар ҳама самти фаъолият ба рисолати касбии хеш арҷгузор бошем. Ҷонфидоии омӯзгор барои миллату давлат дар он ифода меёбад, ки рисолати худро дар мадди аввал дак намуда аз ҳама лиҳоз маърифатпарвар бошад. Он ҳама нуқтаҳои дар Паём ишорашуда роҳнамоест, баҳри фаъолияти самараноки тамоми қишрҳои ҷомеа. Ниёзов Саидалӣ, Санавбари Ёдгор Омӯзгорони кафедраи “ Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” –и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан