Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ ТАРБИЯВИИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ “КОРИ ДАНДОНСОЗӢ ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим дар доираи ҳафтаи фаннии кафедраи “Кори дандонсозӣ” санаи 19.03.2024 аз ҷониби омӯзгорони кафедра Назаров Сайидамин ва Кенҷаева Дилноза дар гурӯҳи 104 – и факултаи кори дандонсозӣ (рӯзона) дарси тарбиявӣ дар мавзӯи “Наврӯз мероси ниёгони мо” гузаронида шуд.

Дар дарси тарбиявӣ мутахассисони шуъбаи назорати сифати таҳсилоти коллеҷ Мазабова Н.Н., Сафаров А ва мудири кафедра Аҳмадзода М.А. иштирок доштанд.

Донишҷӯён оиди таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, ҳафт син ва ҳафт шин, маълумот оиди бозиҳои наврӯзӣ ва қироати шеърҳо баромад намуда табъи ҳамагонро шод намуданд.  Баъди ҷамъбасти дарси тарбиявӣ аз тарафи намояндагони шӯъбаи сифати таҳсилоти коллеҷ ва мудири кафедра ба омӯзгорон  барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси тарбиявӣ баҳои баланд дода шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.