Дар чорабинӣ директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Ин ҷашни бостонӣ бо ҳаяҷон ва шодмонии хосе истиқбол гирифта шуд, ки таҷассумгари рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва навсозӣ буд.
Маросими тантанавиро роҳбари муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо сухани табрикотии илҳомбахш ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи ҳозирин орзуҳои неки худро расониданд. Дар суханронии роҳбар аҳамияти ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи оғози нав, ваҳдат ва наздикшавии фарҳангҳо таъкид гардид. «Имрӯз мо на танҳо фарорасии баҳор ва оғози соли нав, балки эҳёи рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмиро ҷашн мегирем», – гуфт директор.
Инчунин қайд гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, либос ва дигар ҳунарҳои миллӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Чорабинии имрӯза низ, як нишона аз пайравӣ ба ин сиёсати миллатпарваронаи Пешвои миллат мебошад.
Баъди суханони илҳомбахши директор воқеаи ҳаяҷонбахш оғоз ёфт. Ҳар як кафедра дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни фаъол мизҳои намоишӣ ташкил намуда, онро бо рамзҳои дурахшони Наврӯз – ҳафт син ва ҳафт шин, нақшу нигорҳои анъанавӣ оро доданд. Роҳбарият бо ҳамроҳии меҳмонон ба азназаргузаронӣ ва баҳогузории мизҳои намоишӣ шурӯъ намуда, эҷодкорӣ ва заҳмати донишҷӯёнро қадрдонӣ карданд.
Баъзе донишҷӯён баромадҳои эҷодии худро намоиш доданд: сурудҳо зам-зама намуда, шеърҳо хонданд, рақсҳои миллӣ иҷро карданд, асбобҳои мусикӣ навохтанд. Ин на танҳо ҷашни фарҳанг ва анъанаҳо буд, балки барои ҳар як фард имкони ибрози андеша ва мубодилаи истеъдоди хеш ба дигарон низ буд.