Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАШҒУЛИЯТИ КУШОД РОҲИ САМАРАБАХШИ АЗХУДКУНИИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриен Ш. С ва нақшаи тасдиқгардидаи муовини директор оид ба корҳои таълимӣ (н.и.т Одилзода И.Е), ва нақшаи кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” дар доираи “Ҳафтаи фаннӣ” санаи 03.04.2024 машғулияти кушоду намунавӣ дар мавзӯи “Бемориҳои ғадуди ширӣ” (омӯзгор Бобоева М.Д- гурӯҳи 409 КМД) гузаронида шуд. Дар машғулияти кушод мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Н.Т, сармутахассиси ҳамин шуъба Сафаров Алишер, декани факултети “Кори момодоягӣ” Гадоева Р.Б, мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” н.и.т Сайдаҳмадова Ш.Ҷ ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Дар машғулият донишҷӯен дар бораи намудҳои бемориҳои ғадуди ширӣ дар занҳо, мастопатия ва намудҳои он, сабабҳои ба беморӣ гирифтор шудани занҳои синну соли репродуктивӣ, омилҳои мусоидаткунанда, усулҳои ташхис, принсипҳои муолиҷа ва пешгирии он ва нишонаҳои саратони ғадуди ширӣ маълумотҳо гирифтанд. Машғулият бо истифодаи усулҳои муосири таълим аз қабили истифодаи техникаи аудиовизуалӣ, ҳуҷуми ақлонӣ, масъалаҳои вазъиятӣ, кор дар гурӯҳҳои хурд, тестҳо, кроссворд гузаронида шуд. Кор дар гурӯҳҳои хурд бо ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ ва маводҳои дидактикӣ ба роҳ монда шуда буд.

Муносибати муҳим барои коҳишдиҳии касрати намудҳои дуррафтаи бемориҳои ғадуди ширӣ, саратони ғадуди ширӣ ин худмуоинакунии ғадуди ширӣ мебошад. Самаранокии барномаҳои худмуоинакунӣ, бо мақсади ташхисгузории нисбатан саривақтӣ дар бештари мамлакатҳо дар зери паноҳи ТУТ омӯхта мешавад. Аз ин лиҳоз дар ин машғулият техникаи худмуоинакунии ғадуди ширӣ малакаи омӯзишии машғулияти имрӯза интихоб карда шуда буд. Ба донишҷӯен дар бораи муҳим будани чорабиниҳои пешгирикунанда, нақши момодояҳо дар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хотири сари вақт муроҷиат кардани занҳо ба мутахассисон, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ маълумотҳо пешниҳод гардид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.