Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИФТИТОҲИ УФУҚҲОИ НАВ: МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ

Санаи 5 апрели соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вақте ки иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои…» ва «Илм – фурӯғи маърифат» ҷамъ омада буданд, садои эҷод садо дод. Ин на танҳо вохӯрии донишҷӯёну омӯзгорон, балки як чорабинии воқеист, ки тафаккури ҷавон ва нерӯи бузурги донишро муттаҳид месозад. Лозим ба ёдоварист, ки вохурии мазкур бо ташаббуси роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор шуд. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба таълими амалӣ н.и.т. Давлатзода А.Д. ва муовини директор оид ба корҳои маъмури ва хоҷагидорӣ Мамурзода Д.М. гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ иштирокчиёни озмунҳо, омӯзгорон ва деканони факултетҳо иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ масъалаи ташкили даври дуюми озмуни дохилимуассисавӣ баррасӣ гашта, таъкид гардид, ки аз миёни иштирокчиён таҳо беҳтаринҳо барои иштирок дар даври ноҳиявӣ сафарбар гарданд. Масъулин дар навбати худ изҳор доштанд, ки барои омода кардани иштирокчиён ба озмунҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода доранд ва ҳамаҷониба талош доранд.

Қайд кардан зарур аст, ки иштирок дар чунин озмунҳо барои донишҷӯён моҳияти калон дорад. Ин на танҳо имкони нишон додани дониш ва маҳорати худро дар доираи васеъ, балки роҳи рушди шахсият низ мебошад. Иштирокчиён таҷрибаи нодир ба даст меоваранд, мубодилаи афкор мекунанд ва манбаҳои нави илҳомро дарёфт менамоянд. Чунин чорабиниҳо як қисми таркибии таълиму тарбияи онҳо гардида, ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки на танҳо мутахассиси муваффақ, балки шахсияти амиқфикр ва аз ҷихати маданӣ баркамол гарданд.

Алоҳида бояд гуфт, ки роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ташкили иштирок ва дастгирии иштирокчиён нақши асосиро мебозад. Ташаббус ва шавқу ҳаваси ӯ барои пешрафти таҳсил муҳаррики муваффақияти донишҷӯён мегардад. Директор фазоеро ба вуҷуд меоварад, ки дар он донишҷӯён тавоноии худро дарк намуда, худро барои ҷомеа муҳим ҳис мекунанд.

Дар маҷмӯъ вохурии имрӯза як ҳодисаест, ки дар дилу дидаи ҳама ҳозирин осори худро мегузорад, зеро ба мо ёдоварӣ мекунад, ки маориф калиди фардо ва донишу хирад ҳамсафари абадии мост.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.