Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАҲФИЛИ ИЛМИИ ФАННИИ “ХИМИКОНИ ҶАВОН” ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Дар кафедраи “ Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” маҳфили илмии фаннии “Химикони ҷавон” амал мекунад, ки роҳбарии онро омӯзгорони  ҷавони кафедра Санавбари Ёдгор ва Рузигули Наҷмиддин ба ӯҳда доранд. Аъзоёни доимии маҳфили мазкур донишҷӯёни курси якуми факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таҳсили рӯзона) ба ҳисоб рафта, тибқи нақшаи кори маҳфил дар машғулиятҳо фаъолона иштирок мекунанд. Дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён  Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи илмӣ-методӣ санаи 01.05.2024  аз тарафи омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Рузигули Наҷмиддин маҳфили илмии фаннии “Химикони ҷавон” дар якҷоягӣ бо аъзоёни маҳфил гузаронида шуд. Дар маҳфил мутахассисони шуъбаи назорати сифати таҳсилот  Мазабова Н.Н., Сафаров А.И., мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. ва омӯзгорон иштирок намуданд. Аз тарафи омӯзгор аъзоёни маҳфил ба ду гурӯҳ: гурӯҳи “Карбон” ва гурӯҳи “Гидроген” ҷудо карда шуда, донишҷӯёни гурӯҳҳо оиди пайвастагиҳои химиявӣ маълумот дода, байни ҳам саволу ҷавоб намуданд. Шартҳои маҳфил инчунин аз ёфтани чистонҳои химиявӣ, ҳалли масъалаҳои химиявӣ ва ҳозирҷавобии гурӯҳҳо иборат буд. Дар фарҷоми маҳфил аз тарафи ҳакамон гурӯҳҳо баҳогузорӣ карда шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.