Хабарҳо ВОХУРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО БАХШИДА БА ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024 “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ВА 30 СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ May 7, 2024 0 Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ Санаи 6 апрели соли 2024, тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса номзади илмҳои тибб, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баҳри дар амал татбиқ намудани суҳбату вохуриҳо бо намояндагони вазорату идораҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вобаста ба иҷрои нақша – чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд, иҷрои супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ҷиҳати иҷроиши бандҳои нақша – чорабиниҳо вобаста ба “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 28 декабри соли 2023, Вохурии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони дин аз санаи 9 марти соли 2024, пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои сӯиистеъмоли маводи нашъадор, ҳамчунин пешгирӣ ва нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ як вохурии озоду судманд доир гардид. Дар вохурӣ Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурляминзода Гулнора Абдулҳамид – сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии шаҳрвандон, Усмонзода Нодира – ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Шаҳло Саймумин – ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирова Зебо Давроновна ва Исматова Тахмина Саидмуродовна – мутахасссисони “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Аслам Давлат – муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ, Шаҳроми Зайниддин – сардори Шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, ҳамчунин ҷамъи васеъи кормандону донишҷӯён иштирок намуданд. Вохурӣ таҳти раёсати муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ номзади илмҳои тибб Давлатзода А. Д. сурат гирифт. Меҳмонон дар маърузаҳои худ, аз таърихи давлатдории тоҷикон сухан намуда, дарҷ намуданд, ки дар баробари қабули Конститутсияи миллии хеш эълон намудем, ки ҳадафи олии мо ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои олии давлат 28 декабри соли 2023, Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллй, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки тавассути он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда шуда, вазифаҳо барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагонӣ ва таъмини шароити арзандаву инкишофи озодона барои соли 2024 муқаррар карда шуд. Соли 2024 тибқи Паёми Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсади асосии он ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии хешро дар самти фаъолиятамон сайқал дода, ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳем, зеро рушди давлатдории ҳар як миллату давлат, бахусус рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ин аз низоми устувории ҳуқуқии кишвар ва маърифати баланди шаҳрвандони он вобастагӣ дорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ба даст овардани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид. Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. 0 Мубодила кардан