Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ” БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 9, 2024 0 Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ Сани 08.05.2024 дар кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ” дарси кушод дар мавзӯи “Ҳеҷкас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст!” бахшида ба 79 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамаи омузгорони кафедра бо донишҷӯён фаъолияти хуб нишон дода дар бораи корнамоиҳои он шахстятҳое, ки барои Ватани азизу маҳбубамон ҷони худро нисор намудаанд, маърузаҳо хонаданд. Донишҷӯёни бахши 2 – юми факултети Кори ҳамширагӣ баромад намуда, корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Туйчи Эржигитов, Исмоил Ҳамзалиев, Сайдқул Турдиев, Неъмат Қарабоев Ойгул Муҳаммадҷоноваро ёдовари намуданд. Асарҳои шоироне, ки дар васфи он ҷанги мудҳиш навишта буданд аз ҷониби донишҷӯи факултети Кори ҳамширагӣ Ҳакимова Фаришта қироат карда шуданд. Холова Ситора аз гуруҳи 226 “Кори ҳамширагӣ” дар бораи шоири иштирокчии ҶБВ Ҳабиб Юсуфи маълумоти мухтасар дода, шеъри ӯро бо номи “Қалам” ифоданок қироат намуданд. Чорабинӣ бо рақсу суруд дар иҷрои донишҷӯён ба анҷом расонида шуд. 0 Мубодила кардан