Хабарҳо ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ЗЕРИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 9, 2024 0 Дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақша чорабиниҳои кафеда, бахшида ба 79-умин солгарди “Рӯзи ғалаба” бар Германияи фашистӣ Санаи 08.05.2024 дар кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” аз ҷониби омӯзгори кафедра Аминов Б. У., дарси кушоди намунавӣ дар гурӯҳи 117 “Кори момодоягӣ” дар мавзӯи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” гузаронида шуд. Дар дарси кушод, омӯзгорон ва мудири кафедра иштирок намуданд. Дарси кушод бо қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Тибқи нақша, дар аз чунин қисматҳо иборат буд: сухани ифтитоҳӣ, маълумот дар бораи Муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби донишҷӯён, қаҳрамониҳои Тоҷикистониён дар солҳои ҶБВ аз ҷониби омӯзгор Аминов Б, қисмати мустаҳкамкунӣ ва тарбиявии дарс, кор кардани Кросворд оиди мавзӯи дарс, ҷамъбаст ва сухани хотимавӣ. Мақсади асосии дарси кушод эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳуввияти миллӣ, дар замири донишҷӯён нисбати Ватан ва Тоҷикистон аст. Дар анҷом мудири кафедра н.и.ф. Назарова М., иштирокчиёнро бо Рӯзи ғалаба табрик намуда, дар хонишу фаъолияташон муваффақиятҳо таманно намуд. Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан