Хабарҳо ТӮҲФАИ НАҶИБ БА РОҲБАРИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ҶОНИБИ ДОНИШҶӮИ ЭҶОДКОР Бо admin Охирин навсозӣ May 13, 2024 0 Имрӯз дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” як воқеаи ғайриоддӣ ва рӯҳбаландкунанда рӯй дод. Дар рафти пурҷӯшу хуруши кори рузмарраи таълимӣ яке аз донишҷӯён қарор дод, ки истеъдоду миннатдории худро ба муассисаи таълимӣ ба таври равшану хотирмон нишон диҳад. Эҷодкори ҷавон, Раҷабзода Тоҳир – донишҷӯи бахши 2 факултети Кори дандонсозӣ, ба роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода макети бинои таълимии №3, ки аз чор ошёнаи таълимӣ иборат буда, нусхаи дақиқи биноеро, ки донишҷӯён ҳар рӯз дар он ҷой аз паи дониш ва такмили ихтисос қарор доранд, тақдим намуд. Моделе, ки бо дақиқии аҷиб ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт офарида шудааст, дар байни ҳозирин шавқу ҳаваси хосро ба вуҷуд овард. Ҳар як дару тиреза, ҳатто хурдтарин унсури меъморӣ бо меҳру муҳаббат аз нав сохта шуд. – “Ин як иқдоми воқеан таъсирбахш аст” гуфт директори коллеҷ ҳангоми ибрози таассуроти хеш. – “Мо ҳамеша бо донишҷӯёни худ ифтихор мекунем ва чунин намоишҳои эҷодкорӣ садоқат ба омӯзиши онҳоро тасдиқ намуда, исбот менамояд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем”. Ин тӯҳфаи ғайричашмдошт на танҳо рамзи миннатдории донишҷӯ ба муассисаи таълимӣ гардид, балки ҳама ҳозиринро ба дастовардҳои бузург ва ташаббусҳои созанда дар оянда илҳом бахшид. Ин иқдоми ҳаяҷонбахш инчунин шаҳодати робитаи амиқ байни донишҷӯён ва маъмурияти коллеҷ аст. То имрӯз донишҷӯёни боистеъдоди МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” як қатор эҷодкориҳое намудаанд, ки намунаи онҳо дар осорхонаи муассиса ҷойгир шудаанд. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ки ҳамеша ташаббуси донишҷӯёнро дастгирӣ намуда, онҳоро ба корнамоиҳои нав рӯҳбаланд менамоянд, бо диққату ғамхории худ нисбат ба донишҷӯён, миёни онҳо ҳурмату иззати хос пайдо намудаанд. Ҳамин тариқ, тӯҳфаи макети бинои таълимӣ на танҳо ба зуҳури эътирофи донишҷӯён, балки рамзи муносибатҳои гарму эътимоди байни онҳо ва директор мегардад, ки ба рушди ҷомеа ва ҳамкориҳо дар муассисаи таълимӣ мусоидат менамояд. Ногуфта намонад, ки қабл аз ин ҳам донишҷӯёни боистеъдод макетҳои бинои асосӣ ва бинои таълимии №2-ро сохта, айни замон онҳо дар осорхонаи коллеҷ қарор доранд. Макети мазкур низ ба осорхонаи муассиса барои нигоҳдорӣ супорида мешавад. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан