Хабарҳо ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ҶАРАЁНИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ КОЛЛЕҶИ ОЛИИ ТИББИИ ШАҲРИ АЛМААТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Jun 3, 2024 0 Пеш 1 то 27 саҳифа Баъдӣ Иштирок дар аккредитатсияи байналмилалии муассисаҳои таълимии тиббӣ дар ҷаҳони муосир, ки стандартҳои сифат дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар омодасозии мутахассисони соҳибихтисос нақши калидӣ доранд, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Соли ҷорӣ директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба ҳайси коршиноси хориҷӣ ба Маркази Авруосиёии аккредитатсионӣ, таъмини сифати таҳсилот ва тандурустӣ (ECAQA) барои гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии Коллеҷи олии тиббии шаҳри Алмаато даъват карда шуданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вақте ки табодули дониш ва технология шадидтар мегардад, иштирок дар аккредитатсияҳои байналмилалӣ унсури муҳими болоравии касбӣ ва эътирофи муассисаҳои таълимии тиббӣ мебошад. Аккредитатсияҳои байналмилалӣ имкон медиҳанд, ки стандартҳои миллии таҳсилот бо стандартҳои байналмиллалӣ муқоиса карда шаванд ва ба ин васила сифати баланди омодасозии мутахассисон таъмин карда шаванд. Ин барои донишҷӯён ва омӯзгорон баҳри табодули таҷриба ва иштирок дар лоиҳаҳои муштараки илмӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Дар доираи аккредитатсияи байналмиллалӣ, роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода коршиноси шинохтаи соҳаи таҳсилоти тиббӣ буда, дар таҳлил ва арзёбии ҷанбаҳои гуногуни раванди таълим, заминаи моддию техникӣ ва ҳайати кадрии Коллеҷи олии тиббии шаҳри Алмаато иштирок намуданд. Раванди аккредитатсия аз якчанд марҳилаҳои асосӣ иборат буд, ки ҳар яки онҳо хусусият ва аҳамияти худро доштанд. Қадами аввал баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи коллеҷ буд. Ашуриён Ш.С. дар якҷоягӣ бо дигар мутахассисон бо нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, инчунин ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои таълими донишҷӯён шинос шуданд. Ин имкон дод, ки дар бораи сохтор ва сифати раванди таълим тасаввуроти умумӣ пайдо карда шавад. Ба мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи иттиҳодияҳои касбӣ диққати махсус дода шуд. Марҳилаи дуюм боздид аз иншооти таълимӣ ва лабораторияи коллеҷро дар бар гирифт. Роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо таҷҳизонидани синфхонаҳо, лабораторияҳо ва дигар утоқҳои таълимӣ, инчунин имкони гузаронидани дарсҳои амалӣ баҳои баланд доданд. Муҳим буд, ки донишҷӯён ба технологияҳои муосир ва таҷҳизоти зарурӣ барои таълиму тарбияи босифат дастрасӣ дошта бошанд. Марҳилаи сеюми аккредитатсия ба баҳодиҳии ҳайати омӯзгорон бахшида шуд. Ҳайати корӣ бо омӯзгорон ва кормандони маъмурӣ суҳбат карда, ба тахассус, таҷрибаи корӣ ва усулҳои дарсдиҳии онҳо баҳо доданд. Фаҳмидани он муҳим буд, ки омӯзгорон дар раванди таълим чӣ гуна иштирок мекунанд, онҳо бо донишҷӯён чӣ гуна муносибат мекунанд ва барои баланд бардоштани самаранокии таълим кадом усулҳоро истифода мебаранд. Қисми муҳими аккредитатсия мусоҳибаи донишҷӯён буд. Роҳбари муассисаи таълимии мо бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Алмаато суҳбат карда, андешаи онҳоро дар бораи сифати таҳсил, шароити таҳсил ва дурнамои шуғл арзёбӣ намуданд. Дар асоси натоиҷи ҳамаи марҳилаҳои аккредитатсия Ашуриён Шаҳло дар якҷоягӣ бо дигар коршиносон гузориши муфассал тартиб доданд, ки дар он барои баланд бардоштани сифати таълим ва рафъи камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳо дода шуда буд. Ин гузориш барои рушди минбаъдаи Коллеҷи олии тиббии шаҳри Алмаато ва баланд бардоштани рақобатпазирии он дар сатҳи байналмилалӣ истифода мешавад. Ҳамин тариқ, иштироки директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар аккредитатсияи байналмилалӣ на танҳо сатҳи баланди касбии ин шахсиятро тасдиқ кард, балки дар рушди маорифи тиббӣ дар минтақа саҳми арзанда гузошт. Ба шарофати чунин чорабиниҳо муассисаҳои таълимӣ имкони баланд бардоштани сифати таълимро пайдо карданд, ки дар ниҳояти кор ба омода намудани мутахассисони баландихтисос, ки дар шароитҳои гуногун бомуваффақият кор карда, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд, мусоидат мекунад. 0 Мубодила кардан