Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ГИГИЕНА

Кафедра соли 2009 таъсис ёфта мудирии онро то соли 2011 Азимов.Г.Ҷ номзади илмҳои тиб сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии шаҳри Душанбе ба уҳда дошт. Аз соли 2011 то соли 2016 мудири кафедра Ризоева О.Р. таъин гардид. Аз соли 2016 то инҷониб мудирии кафедраро Гадоев И.М. аълочии тандурустӣ, духтури дараҷаи оли ба уҳда дорад. Кафедра дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷойгир буда аз як толори лексиони ва ду синфхонаи таълимӣ иборат мебошад. Дар кафедра 6 нафар омӯзгор Гадоев И.М., Алимова Ф.В., Саидова Ш.Х, Турсунқулова Д.Н, Мирзоев С.Б, Бақоев А.М. ва Саидов Ҷ. ба донишҷуён аз фанҳои «Беҳдошти ғизо»,  «Беҳдошти иҷтимоӣ ва меҳнат»,  «Беҳдошти кӯдакон ва наврасон», «Беҳдошти коммуналӣ бо асосњои санитария», «Беҳдошт бо асосҳои микробилогия», «Беҳдошти умумӣ» «Беҳдошти иҷтимоӣ, техникаи тадқиқоти  санитарӣ- беҳдоштӣ» ва «Кори  гандзидоӣ» дарс мегузаранд. Дар кафедра мунтазам машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳои илмии донишҷуён ва омӯзгорон, мизҳои мудавар, семинарҳо, соатҳои тарбиявии кушода, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ва ғ..доир карда мешавад. Оид ба тамоми фанҳои таълимии кафедра барномаҳои таълимӣ бо забонҳои тоҷикию рӯси таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Дар заминаи фанҳои мавҷуда модулҳои таълимӣ омода карда мешаванд. Кормандон ва омӯзгорони кафедра тасмим гирифтаанд, ки аз ҳамаи фанҳои таълими маҳфилҳои фанни бо иштироки донишҷуёни фаъоли дигар кафедраҳо ташкил намоянд. Омӯзгорони кафедра барои таҳия ва нашри китобҳои дарси бо забони модарӣ ва ба табъи донишҷӯён расонидан кушишҳои зиёде ба харҷ мерасонанд.


МУДИРИ КАФЕДРА
ГАДОЕВ ИЛҲОМ МАВЛОНОВИЧ

(тав. 17.11.1969, ноҳияи Файзобод), Мудири кафедраи Гигиена. Хатмкардаи Академияи тиббии ба номи И. М. Сеченови ш. Москва (1998). Мудири шуъбаи эпидемиологи МНДСЭ- ноҳияи Файзобод (1998–99), директори МНДСЭ-и ноҳияиФайзобод (1999–2006), директори Филиали Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ (аз 2008), ҳамзамон аз соли 2016 мудири кафедраи Гигиенаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Духтури тахассуси дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


БАҚОЕВ АБДУРАСУЛ  МУРОДАЛИЕВИЧ

(тав. 28.01.1993, шаҳри Душанбе). Омӯзгори  кафедраи Гигиена.Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  факултаи «Нигаҳдории тандурустии Ҷамъиятӣ» (2017) Соли 2017 аз тарафи шӯъбаи интернатураи клиникӣ ба МНДСЭ-и шаҳри Душанбе барои гузаштани интернатура аз рӯи ихтисоси «НТҶ, вогиршиносӣ, беҳдошт» соли 2018 хатм намуд. Аз соли 2018  ба «Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ»дар кафедраи Гигиена ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият мекунад. Омӯзгори ҷавону ботаҷриба буда дар конфронсҳо ва семинарҳои коллеҷ фаъолона иштирок мекунад.


АЛИМОВА  ФАРАНГИС ВАЛИҶОНОВНА

(тав. 26.09.1994, шаҳри Турсунзода). Омӯзгори  кафедраи Гигиена.Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  факултаи «Нигаҳдории тандурустии Ҷамъиятӣ» (2018). Соли 2017 шӯъбаи интернатураи дар МНДСЭ-и шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисоси «НТҶ, вогиршиносӣ, беҳдошт» соли 2019 хатм намуд. Аз соли 2019  ба «Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ»дар кафедраи Гигиена ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият мекунад. Омӯзгори ҷавон мебошад дарсҳояш шавқовар мегузарад.Дар конфронсҳо ва семинарҳои коллеҷ фаъолона иштирок мекунад.


ТУРСУНКУЛОВА ДИЛДОРА НУРМУХАММАДОВНА

(тав. 19.02.1997, шаҳри Душанбе). Омӯзгори  кафедраи Гигиена.Хатмкардаи Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ  факултаи «Кори тиббии профилактикӣ» (2018). Худи хамон сол ба ДМТ ба ихтисоси «Биология» дохил шуд. Аз соли 2018  ба «Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ»дар кафедраи Гигиена ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият мекунад. Омӯзгори ҷавон аз усулҳои муосири таълим истифода бурда дарсҳояш хамеша бо донишҷуён шавқовар мегузарад.


САИДОВ ҶАҲОНГИР ПИРОВИЧ

(тав. 23.02.1992, шаҳри Ҳисор). Лабаранти  кафедраи Гигиена.(2017).Хатмкардаи Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ  факултаи «Кори умуми тиббӣ» (2015). Омӯзгори кафедраи Кори ҳамширагӣ.(2018) Ихтисоси маҳсдармони (2019). Лабаранти  кафедраи Гигиена.(2019)


МИРЗОЕВ СОРБОН БУРҲОНОВИЧ

(тав. 08.04.1997, д.С. Гадоӣ, љ/д.Панљрўд, н. Њамадонӣ), омӯзгор. Хатмкардаи Муассисаи давлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2018). Ассистенти кафедраи гигиенаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2019).  Ҳамзамон донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Эдвайзери факултањои “Кори тиббӣ-ташхисӣ”, “Кори тиббию профилактикӣ”, “Кори тиббӣ-офиятӣ”, “Ташхис ва табобати нурӣ” ва “Истифодабарии техника ва таљњизоти тиббӣ”. Омӯзгори ҷавон аз усулҳои муосири таълим истифода бурда дарсҳояш хамеша бо донишҷуён шавқовар мегузарад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.