Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕХНОЛОГИЯИ ДОРУСОЗӢ, ТАШКИЛ ВА ИҚТИСОДИ ФАРМАТСИЯ

Кафедра, соли 2012 дар асоси кафедраи «Фарматсия» таъсис дода шудааст. Солҳои 2007–08 роҳбарии кафедраи «Фарматсия» – ро н.и.ф. Ясинов Р. Қ. ба уҳда дошт. Дар кафедра 9 нафар омӯзгор кор мекард, ки 2 нафари онҳо дорои тахассуси дараҷаи олӣ буданд. Дар давоми ин солҳо дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба ба монанди Маъсумӣ Л. О., Бурҳонова С., Эгамбердиева Р.ва дигарон ба кори таълиму тадрис машғул буданд. Онҳо қариб 40 соли ҳаёти пурсамари худро ба Коллеҷи тиббӣ бахшидаанд. Аз соли 2009 роҳбарии кафедраро Саъдуллоев Ҷ. Ш. ба уҳда дорад. Дар кафедра 11 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 7 нафари онҳо маълумоти олии фарматсевтӣ доранд. Дар кафедра услубу усулҳои ҳозиразамони таълим ҷорӣ карда шудаанд. Аксарияти кабинетҳои таълимӣ бо компютер ва тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки омӯзгорон аз онҳо ҳангоми машғулиятҳо васеъ истифода мебаранд. Дар давоми солҳои таҳсил барномаҳои таълимӣ аз нав дида баромада ва барои баррасӣ ба шуъбаи илмӣ-методӣ пешкаш карда шуданд. Аз тарафи мудири кафедра дастурамалҳои таълимии «Технологияи дорусозӣ», «Анатомияи рустаниҳо», «Ташкил ва иқтисоди фарматсия» тарҷума ва барои таҳрир ба шуъбаи илмӣ-методӣ пешниҳод карда шудааст. Дар давоми 5 соли охир дар кафедра корҳои зерин анҷом пазируфтанд: аз нав дида баромадани барномаи таълимии технологияи дорусозӣ барои шуъбаҳои рӯзона ва шабонаи кори фарматсевтӣ; барномаи таълимии ташкил ва иқтисоди фарматсия барои шуъбаҳои кори фарматсевтии рӯзона ва шабона; барномаҳои таълимии забони лотинӣ барои шуъбаҳои рӯзонаи кори фарматсевтӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ,кори умуми-тиббӣ; барномаҳои таълимӣ аз фанни фармакология барои шуъбаҳои рӯзонаи кори фарматсевтӣ,кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори умумитиббӣ; барномаҳои таълимӣ аз фанни фармакология барои шуъбаҳои шабонаи кори фарматсевтӣ ва кори ҳамширагӣ. Аз тарафи Сангинов Ғ  як қатор мақолаҳо ба чоп расидааст. «Хусусияти гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон», «Ҷенерикҳо», «Бо роҳҳои ғайри доруворӣ пешгирӣ намудани бемории камхунии дил», Результаты изучения хронической токсичности сиропа «Пропорсинк», Разработка лабораторной технологии получения сиропа «Пропорсинк-ch». Аз тарафи мудири кафедра мақолаҳои зерин чоп карда шудааст. Дар кафедра бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик дар мавзуъҳои «Равғанҳои табобатӣ», «Таърихи мухтасари технологияи дорусозӣ дар Тоҷикистон», «Маълумотҳои беҳтарин барои тайёр намудани маводҳои дорувори аз гулу гиёҳҳои ватанӣ» «Технологияи бадастории моддаҳои фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ» бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳї ва ҳунарҳои мардумӣ”.конфронсҳо ва миззи мудаввар гузаронида шуданд. Дар кафедра ҳамчунин дарсҳои кушод баргузор мегарданд. Корҳои илмии кафедра низ пеш рафта истодаанд. Омузгорони кафедра бо ҳамроҳии мудири кафедра дар“Маркази илми тадқиқоти фарматсевтӣ” -и  вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳти роҳбарии проффессор Исуфӣ С. Ҷ ва Имомиён Равшан,  Валиев Абдуҷаббор тадқиқотҳои илмии худро бурда истодаанд. Ба мақсади самаранок гузаронидани корҳои амалӣ дар назди кафедра «Дорухонаи таълимии истеҳсолӣ», «Маркази таълимии истеҳсоли дорусозӣ», «Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш» фаъолият менамоянд, ки дар кори таҷрибаомӯзии донишҷӯён кумак мерасонад.Мутахассисони кафедра дар айёми таҷрибаомузии донишҷуён ба минтақаҳои куҳии кишварамон ба монанди минтақаи Канаски деҳаи Ромит,  мамнуъгоҳи    Сари-хосору  Даштиҷум  , ноҳияҳои  Балҷувон, Ш. Шоҳин, Муъминобод  рафта бо донишҷуён гиёҳҳои шифобахшро омузонида ва ҷамъоварӣ намуда дар Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш»  онҳоро бастубанду тамғагузорӣ менамоянд.


МУДИРИ КАФЕДРА
САЙДАҲМАДОВ САЙВАЛӢ САЙМУДДИНОВИЧ

1 майи соли 1966 дар деҳаи Дустии ҷамоати Меҳнатободи Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадони (Москва) вилояти Кӯлоб дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунъё омадам. Соли 1973 ба мактаби миёнаи  № 26 ба синфи якум рафта соли 1977 ба мактаб-интернати деҳаи Чубек гузариш карда мактаби № 5 ба номи Абуали-ибни Синоро соли 1983 хатм намудам. Солҳои  1984 то 1986 ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ҳавоии иттифоқи шуравӣ ворид шудам. Соли 1988 ба донишкадаи тиббии  ба номи Абу али ибни Синои шаҳри Душанбе   дохил шуда соли 1993 донишгоҳи миллии ба номи Абу али ибни Синоро  бо тахассусӣ фармасевт хатм намудам. Аз соли  1993 то соли 1994  ба корхонаи дорусозии шаҳри Душанбе ба ҳайси фармасевт-технолог ба кор шуруъ кардам. Солҳои 1994-1995 роҳбари сехи пуркунӣ ва бастубанди маводҳои дорувории корхонаи дорусозии шаҳри Душанберо ба уҳда доштам. Солҳои 1995-1998 ба тариқи гузариш ба  кумитаи “Фарминдустрия”-и вазорати тандурустӣ ҳамчун мутахассисӣ корбар фаъолият намудам. Солҳои 1998 -2004 дар ширкати муштараки тоҷикистону-ҳиндустон “Аджанта фарма лимитед”      роҳбарии бахши маводҳои дорувории тазриқиро ба уҳда доштам. Солҳои 2004 – 2008 дар лоиҳаи системаи тандурустӣ ба ҳайси координатори миллӣ оиди сифати маводи доруворӣ кор  ва фаъолият намудам. Солҳои   2008 – 2012 дар маркази зидди силлии ҷумҳуриявӣ вазифаи координатори миллӣ оиди таъмини маводҳои зидди силллиро ба уҳда доштам. Солҳои  2012 – 2013 дар корхонаи  Голандии  “Духтурон бидуни марз” координатори миллӣ оиди таъмини маводҳои зидди силии қатори дуюм барои кудаконро ба уҳда доштам. Солҳо  2013-2017 мудири маркази таълимӣ-истеҳсолии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият намудам. Аз соли 2017  мудирии кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсияро бурда истодаам. Муаллифи 10-12 мақолаҳои илмӣ дар журналҳои илмӣ мебошад. Соҳиби зан ва шаш фарзанд. Сайдаҳмадов Сайвалӣ Саймуддинович 1 майи соли 1966 дар ноҳияи Ҳамадонӣ  дар оилаи хизматчии давлати ба дунъё омадаст. Соли 1983 мактаби миёнаи № 26-ро тамом карда ба хизмати ватан рафтааст баъди адои хизмати модар ватан соли 1988 ба донишгоҳи тиббии ба номи Абуали-ибни-Сино факултаи фармасевти дохил шуда соли 1993 ин донишкадаро тамом кардааст Фаъолияти кории худро аз фабрики фарматсевти шаҳри Душанбе ба ҳайси технолог дорусоз оғоз намудааст. Баъд ба Вазорат тандурустӣ шуъбаи Фарматсия ба ҳайси мутахассиси корбар соли 1995 ба кор гузаштааст. Соли 1998 ба ширкати муштараки Тоҷикистону-Ҳиндустон  “Адҷанта фарма лимитед” ба кор даъват шудааст. Соли 2004 -2008 дар Маркази лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурусти кор ба ҳайси фарматсевт ҳамоҳангсозӣ миллӣ кор ва фаъолият кардааст. Соли 2008 то 2011 дар Маркази мубориза бар зидди бемории сил ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ оиди таъмини дорувории зидди силӣ кор ва фаъолият намудааст. Соли 2011 то соли 2013 дар ширкати хориҷи Ҳоландии “Духтурон Биддуни Марз” ҳамоҳангсози доруворӣ кор кардааст. Моҳи октябри соли 2013 бо фармони директори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Сайдањмадов Сайвалї Саймуддинович мудири Марказ таъин карда шуд.


АЛИЕВ ҶАМШЕД НЕЪМАТУЛЛОЕВИЧ

Зодаи н.Муъминобод санаи таваллудам  18.07.1985 Соли 2003 ҳуҷҷатҳоямро ба факлтаи Фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино супурдам ва соли 2008 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси Дорусоз хатм кардам.Аз соли 2011 то соли 2012 дар муассисаи давлатии маркази ҷумҳурияви хариди дорувори ва молҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистн дар вазифаи мутахассис Фарматсевт кор ва фаъолият кардаам. Шуруъ аз соли 2012 то соли 2013 дар  ҶДММ-ТБШ ба ҳайси Мудири Дорухона кор ва фаъолият кардаам. Аз соли 2013 то соли 2014 дар ҶДММ-Афзал ба ҳайси мудири Дорухона кор кардаам. Аз соли 2014 то соли 2016 дар ҶДММ-Дармон ба ҳайси мудири Дорухона кор кардаам. Аз соли 2016 то соли 2018 дар Раёсати Хадамоти Назорати Давлатии Фаъолияти фармасевти дар вилояти Хатлон ба вазифаи мутахассиси пебар дар  бахши омодасози ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот ва аккредитатсияи муасисаҳои фармасевти кор ва фаъолият кардаам. Шуруъ аз соли 2018  то ҳол дар Коллеҷи тиббии ҷумҳурияви  ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Технологияи дорусози ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.


АШУРЗОДА АДЛИЯИ ЮСУФҶОН

Зодаи ш.Ҳисор санаи таваллудам  30.12.1994 Соли 2011 ҳуҷҷатҳоямро ба факлтаи Фармасевтии Донишгоҳи миллиӣ Тоҷикистон супурдам ва соли 2016 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси Дорусоз хатм кардам. Аз соли 2017 то ҳол ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Технологияи дорусози ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.


ОДИНАЕВ СУҲРОБ САЛИМОВИЧ

Зодаи н.Фархор санаи таваллудам  17.03.1994 Соли 2012 ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи Фармасевтии Донишгоҳи миллиӣ Тоҷикистон супурда ва соли 2018 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси Дорусоз хатм кардам.Аз соли 2018 то ҳол ба ҳайси омӯзгори технологияи  дорусози   дар  кафедраи “Технологияи дорусози ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.  Ҳамзамон мақолаҳои зеринро ба чоп баровардаам
1.Истифодабарии гармонаи (Тахачи) яксола ва Арчабарг ба бемории  фарбеҳи дар тиби мардумии тоҷикон.
2.Тадқиқоти фармакологии қаланфури сурх (САРSICUMANNUUM)


ПИРАКОВ ДОДАРҶОН

зодаи н.Шаҳритуз соли таваллудам 20.10.1995  Соли 2013 ҳуҷҷатҳоямро ба факлтаи Биологияи  Донишгоҳи миллиӣ Тоҷикистон супурдам ва соли 2018 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси омӯзгори фанни Биология ва Химия  хатм кардам. Ва соли 2018 Ҳуҷҷатҳоямро ба Дониҳгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Ба номи Абуали ибни Сино супурдам ва соли 2019 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси табиб таҳлилгар хатм кардам. Шуруъ аз соли 2019 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳурияви  ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Технологияи дорусози ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.


РАХИМОВ УСМОН КАРИМОВИЧ

Зодаи н.Ховалинг санаи таваллудам  28.01.1995 Соли 2012 ҳуҷҷатҳоямро ба факлтаи Фармасевтии Донишгоҳи миллиӣ Тоҷикистон супурда ва соли 2017 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси Дорусоз хатм кардам. Аз соли 2017 дар “Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Ҷумҳурияви”  ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Технологияи дорусозӣ,  ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.


САИДОВ ИЛҲОМИДИН

(тав. 19.08.1991, н. Бохтар (ҳозира Кушониён)  ҷ/д Заргар деҳ. Чорбоғ), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи фарматсевтии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2015). Аз соли 2015 дар кафедраи Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору  фаъолият дорад. Муаллифи 3 мақолаи имли мебошад.


САИДОВ МИРСАЛИМ АБДУМАЛИКОВИЧ

Зодаи ш. Душанбе  санаи таваллудам  07.09.1992 Соли 2010 ҳуҷҷатҳоямро ба факлтаи Фармасевтии Донишгоҳи Давлатии Тибби Тоҷикистон супурда ва соли 2015 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси Дорусоз хатм кардам. Аз соли 2015 дар “Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Ҷумҳурияви”  ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Технологияи дорусозӣ,  ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.


ТАБАРОВА ЗАМИРА ҲУСЕЙНОВНА

Зодаи ш.Душанбе 24.11.96.Соли 2013 ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи Фармасевтии Донишгоҳи миллиӣ Тоҷикистон супурда ва соли 2018 донишгоҳи номбурдаро ба ҳайси Дорусоз хатм кардам. Аз соли 2019 то ҳол ба ҳайси омӯзгори фенни ташкили иқтисоди фармасия    дар  кафедраи “Технологияи дорусози ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодаам.


ҲАСАНОВ ШОҲИН АБДУХАЛИЛОВИЧ

(тав. 01.12.1995с  зодаи  н. Ҳамадонӣ) омӯзгор. Хатмкардаи  факлтаи Фармасевтии Донишгоҳи миллиӣ Тоҷикистон (2018). Аз соли 2018 то соли 2019 дар Коллеҷи тиббии ш.Бохтар (ҳозира Кушониён) ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Шуруъ аз соли 2019 то инҷониб дар Муассисаи давлатии  таълимии Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ  ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи “Технологияи дорусозӣ,  ташкил ва иқтисоди фарматсия” кор ва фаъолият карда истодааст.


ЭРГАШЕВА  ЗАРИНА  МАХМУДЧОНОВНА

Соли   тавалуд   01.08.1995  зода  ва  истиқоматкунандаи  ш.Душанбе   Ман ҳучатҳоямро  соли  2013 ба Коллечи  тиббии Ҷумҳуриявӣ  ба факултаи  ‘’Кори фармасевтӣ ‘’ супоридам  ва Коллечи  тиббии Ҷумҳуриявиро  соли 2017 бо дипломи аъло хатм кардам .  Баъди хатми коллеҷ  ҳуҷатҳоямро  ба ‘’Донишкадаи санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон’’  барои маълумоти дуюм  ба  факултаи ‘’Технологияи маҳсулоти дузандагӣ ‘’ шуъбаи ғоибона супоридам.  Соли 2018 ба кафедраи ‘’Технологияи дорусози ташкил ва иқтисоди фармасия’’ ба кор даромадам ва  аз фанҳои анатомияи растанӣ ва технологияи дорусозӣ дарс медиҳам.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.