Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТИББИ-ОИЛАВӢ

Фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурурии Тоҷикистон аз 16 .01. с 2003  таҳти рақами №22  оиди созмон додани кафедраи “Тибби оилавӣ” ва “ Бунгоҳи саломатии намунавии таълимии” дар Коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе: Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999с таҳти рақами 100 “ Оиди ба коллеҷҳои  тибби табдил додани омӯзишгоҳҳои тибби” ,  дар доираи татбиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 – ми марти соли 2002 таҳти рақами 94 тасдиқ шудааст ва Қарори мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08. 2000 с. Таҳти рақами 24 – 2 “ Оиди дар коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе ҷори намудани тарзи кафедрагии таълим” ва баҳри амали гардонидпни Қарори мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.10.2001с. таҳти рақами 21- 1, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.10.2001с. таҳти рақами 301 “ Оиди тасдиқ намудани нақшаи таълими  ва схемаи модулҳои тайёр намудани ҳамшираҳои тиббии оилавӣ дар сатҳи тодипломи ва баъдаздипломи” ва бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон ба талаботи замона ҷавобгу.

Мудири кафедраро н.и.т.  Аиззода З.А. аз солҳоии  2003 то 2017 уҳдадор будаанд. Аз соли 2017 то инҷониб Азизова Н.Н. роҳбари намуда истодааст.Дар кафедра 8 нафар омӯзгор , аз ҷумла як  нафар номзади илми тибб, ду  нафар дорои тахассуси дараҷаи оилӣ, як нафар дараҷаи тахассуси дараҷи дуюм , 4 нафар омӯгорони ҷавонро ташкил менамояд  кор мекунанд. Дар назди кафедра маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ (МОМА) фаъолият менамояд, ки аз 6 кабинетҳои стимилиясиони  иборат мебошад.  МОМА бо асбобҳои аёнии замонавӣ, муляжҳо, дастгоҳои аудио – видеовизуалӣ таҷҳизонида шудаанд.

Омӯзгорони кафедраи  “ Тибби  оилавӣ” ва  “Кори  ҳамширагӣ”  машғулиятҳои  қабликлиникиро дар  ин  марказ  мегузаронанд.  Кафедра аз рӯи 14 барномаи таълимӣ, ки дар асоси ҳамкори бо мутахассисони Ташкилоти Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ оид ба омодасозии ҳамшираҳои тибби оилавӣ тартиб дода шудаанд, фаъолият мебарад. Зери роҳбарии мудири кафедра барномаҳои таълимии ҳамаи фанҳо ба забони давлати тарҷума ва нашр карда шудаанд. Доир ба ҳамаи фанҳо  китобу модулҳои таълимӣ омодагаштаанд, ки аз тарафи омӯзгорон ва  ва донишҷӯён мавриди истифода қарор доранд.  Кормандони кафедра ба дигар коллеҷҳои тиббии ҷуҳурӣ доир ба таъмин намудани онҳо бо адабиёти зарурӣ, барномаҳои таълимӣ, корбасти усулҳои муосири таълим, ҳуҷҷатҳои методӣ ва ғ. Кумак мерасонад. Дар кафедра маҳфили фаннии “Ҳамшираи тибии оилавӣ”фаъолият мекунад. Аз тарафи омӯзгорони кафедра ҳамасола бо истифода аз услубҳои муосири таълим машғулияҳои кушоду намунавӣ, семинару конфронсҳо, озмуни “Беҳтарин ҳамшираи тибби оилавӣ”.  Ҳарсола омӯзгорони ботаҷриба дар семинари омӯзишии барои омӯзгорони ҷавон гузаронида мешавад бо мавзуҳо баромад менамоянд. Ҳамчунин қабули имтиҳонҳои  фанҳои кафедра бо усули муосири ОСКЕ ( ИВСК – имтиҳони воқеъбинонаи сохторикардаи клиникӣ) баргзор мегардад.

Дар кафедра корҳо оид ба таҳия, тарҷума ва нашри адабиёти таълимӣ идома доранд. Китобҳои  “ Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ” (муалиф н.и.т. Азиззода З.А)., Қосимова Н.Ҷ., Зиятова С.Э.), “Кор бо оилаҳо” (муалифон н.и.т. Азиззода З.А., Қосимова Н.Ҷ., Зиятова С.Э.), “Консепсияи ҳамшираи  тиббии оилавӣ” ( муалифон н.и.т. Азиззода З.А., Абдуваҳобова Ф.Г.), “Ёрирасонии ҳамширагии оилавӣ” (муалиф н.и.т. Азиззода З.А)., “Фармакология дар тибби оилавӣ” (муалиф н.и.т. Азиззода З.А)., “ Малакаҳои амалӣ “ – барои супоридани имтиҳонҳои ОСКЕ (муалифон н.и.т. Азиззода З.А.,  н.и.т. Давлятова Д.Ҷ., Азизова Н.Н. ) аз чоп бароварда шуда, мавриди истифодаи омӯзгорону донишҷӯён қарор дорад. Китобҳои мазкур ба ҳамаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ низ фиристода шуданад.

Омӯзгорони кафедрасавияи донишихудро мунтазам дар курсҳои такмили ихтисос такмил медиҳанд. Кафедра бо мақсади беҳтар кардани сифати омодасозии ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо кафедраҳои тибби оилавӣи ДДТТ ба номи Абуалӣ иӣни Сино, Маркази таълимӣ – клиникии ҷумҳуриявии тибби оилавӣ. Кафедраҳои тибби оилавӣ ва шуғли ҳамширагӣ дар тибби оилавии муассисаи давлатии таълимии Доникадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявии ҷумҳурӣ ҳамкории зич дорад.  Он ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шуъбаи ташкилоти байналмилалии  Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Лоҳиаи  “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” – и  Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. ҳамкорӣ менамояд. Ҳамасола донишҷӯёни факултаи Кори умумитиббӣ зери роҳбарони омӯзгорони кафедра дар  Олимпиадаи байни Коллеҷҳои тиббӣ ширкат меварзанд.

Услубҳои муосири таълим  дар кафедраи “Тибби оилавӣ”

Усулҳои таълим дар коллеҷ бояд байналфаъол  бошанд ва дармавриди машғулиятҳо аз ҷониби  ҳайати омӯзгорони кафедраҳомавриди истифода қарор гиранд. Усули дурусти таълим барои баланд бардоштани сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии донишу  малака ва маҳорати касбӣ, инчунин омодасозии мутахассисонимиёнаи тиббии ҷавобгӯба стандартҳои давлатӣ ва байналхалкӣ мусоидат менамояд. Ба усулҳои муосири таълим истифодаи класстерҳо, диаграммаи ВЕН, ММДД (медонам, мехоҳам донам, донистам), гурӯҳҳои хурд, занҷирак, тестҳои фаннӣ, бозиҳои нақши, бозиҳои кори, мусоҳибаҳо, диктанти графикӣ, тесткунонии компютерӣ, тахтаи электронӣ, презентатсияҳо, кино филмҳои таълимӣ, видеороликҳо ва ғ. мансубанд. Барои баланд бардоштани сатҳи малакаҳои  истифодаи усулҳои таълимӣ муосир бо дастгирии Лоҳиаи  “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” – и  Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  омӯзгорони кафедра машваратчиёни байналмилалӣ як чанд маротиба семинарҳои омӯзиши гузаронида шуд. Омӯзгорони кафедра  чунин услубҳоро мунтазам мавриди истифод қарор медиҳанд.


МУДИРИ КАФЕДРА
АЗИЗОВА НИГОРА НАСРУЛЛОЕВНА

(тав. 14.4.1988, ш. Душанбе), ассистенти кафедраи тибби оилавии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе (ҳозира Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; 2010) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2015). Баъди бозомӯзии касбӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-клиникии тибби оилавӣ бо ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ, аз соли 2012 ассистенти кафедраи тибби оилавӣ мебошад. Дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ барои омӯзгорони ҷавон доири ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона иштирок ва баромад кардааст.  Айни ҳол мудири кафедраи “Тибби оилавӣ ” МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”кор мекунад.


АСРОРОВА ҶАҲОНОРО ИСЛОМОВНА

(тав. 18.12. 1995 ш. Душанбе) омӯзгор. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2017)  ассистети кафедраи “Тибби оилавӣ”  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (соли 2017). Ҳамзамон донишҷӯи  шуъбаи ғоибонаи факултаи биология – химия ихтисоси биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.  Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.Ҳамчунин омӯзгор дар раванди таълим конфронсҳоро дар мавзухои гуногун бо донишҷӯён мегузаронад.Дар семинару конфросҳо барои омӯзгорони ҷавон иштирок кардааст.


ЁРМАДОВА  ҲУСНИГУЛ ҶУМАЕВНА

Соли таваллуд  (29.01.1996 н .Ҳамадонӣ) омӯзгор. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2017). Асисстенти кафедраи  “Тибби оилавӣ” Муасиссаи давлатии таълимии колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамзамон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.Ҳамчунин омӯзгор дар раванди таълим конфронсҳоро дар мавзухои гуногун бо донишҷӯён мегузаронад.Дар семинару конфросҳо барои омӯзгорони ҷавон иштирок кардааст.


МЕЛИКЗОДА НИГОРА САЪДУДУЛЛО

Соли таваллуд  (01.01.1995 н .Рӯдакӣ) омӯзгор. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2017).Барои сазовор гардидан ба ҷойи 1 – ум дар ОЛИМПИАДАИ  VIII дар байни донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли ҷавонон”ва “20 –солагии Ваҳдати миллӣ ” оид ба фанҳои тахассусии тиббӣ (соли 2017).Ба ҳайси ҳамшираи тибби оилавӣ дар Маркази саломатии н. Муъминобод (2018).  Айни замон асисстенти кафедраи  “Тибби оилавӣ” Муасиссаи давлатии таълимии колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.Ҳамчунин омӯзгор дар раванди таълим конфронсҳоро дар мавзухои гуногун бо донишҷӯён мегузаронад.Дар семинару конфросҳо барои омӯзгорони ҷавон иштирок кардааст.


РАҶАБОВ ҲАБИБУЛЛО ТАҒОЙМУРОДОВИЧ

(тав. 28.03.1969, ноҳияи Рӯдакӣ), омӯзгор.  Хатмкунандаи Омӯзишгоҳи тибби №1 ш. Душанбе(1991) ва факултаи    биологияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2001).Лаборанти беморхонаи  минтақавии ноҳияи  Рӯдакӣ (1991 – 1994) , корманди беморхонаи клиникии шаҳрии ш. Душанбе  (1994 –  2015)  ,  кор дар ссамти омодасозии омӯзгорони  кори ҳамширагӣ дар тибби   оилавӣ дар ш. Бишкек  (2003 – 2004), ҳамзамон омӯзгори фанни тибби оилавӣ дар  Коллеҷи тббии ҷумҳуриявӣ (аз 2004).    Оиди асосҳои кори ҳамширагӣ, фармакология  дар тибби оилавӣ, малака ва омӯзиши кори ҳамширагӣпажӯҳиш анҷом додааст.    Аз фанни Консепсияи оила ва ҷамъият  – модули таълимӣ тартиб додааст. Иштирокчии семинарҳои ҷумҳуриявӣ. Бо ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст.


РАҲМОНОВА ДИЛНОЗА МАДИСЛОМОВНА

Соли таваллуд  (19.06.1996 ш. Кулоб) омӯзгор. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2017). Асисстенти кафедраи  “Тибби оилавӣ” Муасиссаи давлатии таълимии колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.Ҳамчунин омӯзгор дар раванди таълим конфронсҳоро дар мавзухои гуногун бо донишҷӯён мегузаронад.Дар семинару конфросҳо барои омӯзгорони ҷавон иштирок кардааст.


САИДОВА МАҲИНА  ҒИЁСОВНА

Соли таваллуд (2.11.1992 ш.Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2014).Ассистети кафедраи “Тибби оилавӣ”  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (соли 2015).Хатмкунандаи  шуъбаи ғоибонаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.Ҳамчунин омӯзгор дар раванди таълим конфронсҳоро дар мавзухои гуногун бо донишҷӯён мегузаронад.Дар семинару конфросҳо барои омӯзгорони ҷавон иштирок кардааст.


БАРОТОВ АЛИШЕР БЕГАЛИЕВИЧ

Соли таваллуд (10. 02. 1990.  Н.   Восеъ ),  омӯзгор. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ факултаи кори умумитиббӣ (2008-2012) ва кори фарматсевти Коллеҷи тибби ҷумҳурияви бо дипломи аъло  (2012-2014) Ассистети кафедраи “Тибби оилавӣ”  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (соли 2015).Хатмкунандаи  шуъбаи ғоибонаи факултаи химия биологияи Донишгоҳи Омӯзгори ба номи Садриддин Айни Ҷумҳури Тоҷикистон(2016-2019) Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муоссири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳамчунин омӯзгор дар раванди таълим конфронсҳоро дар мавзухои гуногун ва семинарҳоро  бо донишҷӯён мегузаронад.Дар семинару конфросҳо барои омӯзгорони ҷавон иштирок кардааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.