Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАВОНБАХШИИ ТИББӢ–ИҶТИМОӢ БО КУРСИ ТИББИ ШАРҚ

Кафедраи  «Тавонбахшии тиббӣ –  иҷтимоӣ»    31  августи  соли  2011  тибқи фармоиши  Вазорати  тандурустӣ    20  октябри  соли  2009,  таҳти  рақами  727  «Бо  мақсади  идома  додани  шакли  кафедравии  таълим, беҳтар  намудани  сифати  таълим,  тарбияи ҷавонон,  пурзур  намудани  назорати  раванди таҷрибаомӯзии  донишҷӯён  ва  мутахассисони  миёнаи  тиббӣ»,  дар  заминаи   МД «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию  иҷтимоӣ  ва  тавонбахшии  маъюбон»  таъсис  ёфтааст. Санаи 14 марти соли 2012  дар  асоси  қарори  Шӯрои  илмӣ – педагогӣ, таҳти  №37 кафедраи  «Тавонбахшии  тибби – иҷтимоӣ бо  кафедраи   Тибби  Шарқ»  якҷоя  карда  шуд. Кафедра дар заминаи се муассисаи давлатӣ, аз ҷумла МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию  иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  маъюбон», МД «Маҷмааи тандурустии  Истиқлол»  ва  Маркази саломатии шаҳрии № 4 ҷойгир  шудааст. Мутобиқи басти корӣ, барои кафедра 18,4 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Ҳайати кормандони кафедра дар соли хониши 2019-2020  аз 8 нафар (80%)  омӯзгори  асосӣ, 2 (20%) ҳамкор ва лаборант иборат аст. Дар кафедра 1 нафар доктори илмҳои тиб  кор мекунад,  инчунин  3 нафар  дорандаи  нишони «Аълочии  тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошанд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра ба ҳисоб  меравад. Кормандони кафедра доир ба ҷабҳаҳои гуногуни бахши пешгирии бемориҳо, маъюбӣ  ва тавонбахшӣ дар маҷаллаҳои «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», «Ахбори академияи илмҳои тибии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Сино», «Паёми Донишгоҳи миллӣ»  зиёда 15 мақолаҳои илмӣ   нашр  карданд. Аз тарафи  мудири  кафедра  Fоибов А.Ғ.  китоби  «Асосҳои  тибби  иҷтимоӣ»  ва  аз  ҷониби  омӯзгор  Маҳмудова Р.М.  китоби  «Варзиши  муолиҷавӣ» чоп    шуда мвриди истифода қарор доранд. Аз  тарафи  омӯзгор  Қобилова  М.А.  дастури  методӣ  аз  фанни  «Физиотерапия»   таҳия  ва барои нашр  пешниҳод   шуд. Аз ҷониби  устодони  кафедра  ҳамавақта  дарсҳои  тарбиявӣ  дар   мавзӯъҳои  «Ватандустӣ», «Санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ  оид  ба  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросимҳо», Қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар  дар  таълиму  тарбияи  фарзанд», «Рузи  оила», «Пешгирии  зуроварӣ», «Рӯзи «Артиши  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «8  март  –  Иди  Модарон», «Иди Навруз», Рузи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рузи кормандони тиб», «Конвенсия оид ба ҳуқуқи инсон»,  «Рузи байналмиллалии  шахсони   имконияти маҳдуддошта» ва ғайра  гузаронида  мешаванд.


МУДИРИ КАФЕДРА
ҒОИБОВ АМОНУЛЛО

(тав. 4.1.1953, деҳаи Ключевка, вилояти Кокчетави Ҷумҳурии Қазоқистон), доктори илми тиб (2006), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1979). Фаъолияти кориашро чун ординатори шуъбаи ҷарроҳияи беморхонаи вилоятии № 2 ш. Кӯлоб (1980–83) оғоз намуда, то соли 1993 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи муассисаҳои тиббӣ-профилактикии ш. Кӯлоб кор кардааст. Корманди Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–99), сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999–2005), котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои ВНМИ/АҒНМИ, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005–2009), муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009–2010), директори Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон (аз 2010), ҳамзамон мудири кафедраи тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Оид ба хусусиятҳои раванди болинии оқибатҳои шадиди ҷарроҳияи бемориҳои захми меъда ва таъсири омилҳои метеорологӣ ва гелиофизикӣ ба инкишофи онҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 100 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 4 дастури илмию методӣ, як китоби дарсӣ дорад. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), медали «Хизмати шоиста» (2003) сарфароз гардидааст.


ҚОБИЛОВА МАХФИРАТ АБДУҒАФФОРОВНА

(тав. 9.6.1950, ш. Конибодом), омӯзгор. Хатмкардаи Институтити тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳозира ДДТТ ; 1974).  Баъди хатми интернатура ба ҳайси духтури дил дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ №3 кор кардааст. Ординатори клиникӣ дар заминаи Беморхонаи №1 (1981–83) буд. Аз соли 1983 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  кору фаъолият дорад. Оид ба табиатдармонӣ  (физиотерпия) дастурамале таҳия намудааст.


ИСКАНДАРОВА МУҲАББАТ ХОЛМИРЗОЕВНА

(тав. 3.6.1961, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино  (1983). Омӯзгори Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (1986–1995), корманди илмии Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ (1995–2001), мудири шуъба Маркази илмии экспертизаи доруворӣ (2001–2002), сардори шуъба дар Маркази  саломатии шаҳрии №4 (2002–2005), духтур ва сардори шуъбаи Маркази миллии ташхис (2005–2010), мудири шуъба дар  Маркази ҷумҳуриявии илмии хун (2010–2014) буд. Аз соли 2014 омӯзгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»  мебошад.


ҶУМАЕВА МАВҶУДА МАҶИДОВНА

(тав. 6.8.1961, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (1980) ва Институти тиббии ш. Душанбе (1986). Баъди таҳсил дар интернатура (1986–1987) дар шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳияи Ваҳдат (1987–1996) кор кардааст.  Духтури минтақавии дармонгоҳи №5 (1996–2008), аз соли 2013 омӯзгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»   Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.


АЮБОВ САБЗАЛӢ РАҶАБОВИЧ

(тав. 25.2.1964, деҳаи Гулистони ноҳияи Москва, ҳозира Ҳамадонӣ), духтури табиатшифоӣ. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1987). Духтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ (1987–93), хизмат дар сафи Қушунҳои Мусаллаҳи ҶТ (1993–96). Баъди гузаштани курси бозомӯзии касбӣ дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони тибби Ҷумҳурии  Тоҷикистон (2013–14) дар Маркази саломатии шаҳрии №4-и ш. Душанбе ба ҳайси духтури табиатшифоӣ кор кардааст. Аз соли 2014 омӯзгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.


ТАБАРОВ ИЛҲОМ ТЕМУРОВИЧ

(тав. 29.01.1982, ноҳияи Варзоб), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино  (2007). Табиби беморхонаи ноҳияи Варзоб  (2007–2009), ҷарроҳи Пажӯҳишгоҳи  экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон  (2009–2014), омузгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2014). Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муосири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.


ҚУРБОНОВА ДИЛБАР АБДУРАҲМОНОВНА

(тав. 23. 06. 1990, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино  (2014). Баъди таҳсил дар интернатура (2014–2015) омӯзгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»   Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  аз фанҳои масҳ, варзиши муолиҷавӣ ва физиотерапия дарс медиҳад.


ДАВЛАТЗОДА ФАХРИДДИНИ НЕГМАТУЛО

(тав.20.04. 1992, в. Хатлон н. Абдрахмони Ҷомӣ), омӯзгор Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Ваҳдат (2008-2012) ва ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2019) Айни зомон таҳсил дар интернатура(2019-2020) омӯзгори кафедраи «Тавонбахши тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ» Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.


ДАВЛАТОВ ҒОЛИБШО АБДУҲАМИДОВИЧ

(тав.01. 01. 1988, деҳаи Ёзғанд, ноҳияи Сангвор), омӯзгор. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шӯъбаи механик-математик  (2012).  Аз соли 2013 таҳсил дар факултаи фалсафаи ҳамин донишгоҳ (2016). Баъди таҳсил, аз моҳи апрели 2013  ба муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул карда шуд ва то ҳол кор ва фаъолият  дорад. Аз моҳи феврали соли 2020 омӯзгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»-и   Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.


ТУРАЕВ АБДУЛЛО ТАВАРОВИЧ

(тав.01. 10. 1960, уч. Чорбоғ, ноҳияи Кулоб), омӯзгор. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина, шӯъбаи санитария ва эпидемиология  (1987).  Аз соли 1987-1994 дар шаҳри Кулоб мудири шӯъбаи гигиенаи кӯдакон ва наврасон. Баъдан,  солҳои 1994  то  2000 дар Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Сино кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 2000-2006  дар  ноҳияи Фирдавсӣ, мудири шуъбаи санитарӣ.  Аз 2006  то 2016  дар МНДС шаҳри Душанбе, мудири шӯъбаи гигиенаи коммуналӣ. Солҳои 2016  то инҷониб дар МНДС ноҳияи Фирдавсӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ  ҳамчун мудири шӯъбаи гигиенаи коммуналӣ. Аз соли 2018 ҳамчун ҳамкор омӯзгори кафедраи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ»-и   Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.


АБДУРАҲИМОВА НЕКБАХТ МАМАДНАИМОВНА

(тав.15.01.1995, деҳаи Гарм-чашмаи н.Ишкошими ВМКБ), омӯзгор Хатмкардаи Коллеҷи Тиббии Ҷумхуриявӣ (2013-2016) ва идомаи таҳсил дар Ҳиндустон, ш.Бангалор (2016-2017). Аз соли(2018 дар “Корхонаи давлатии Протезию ортопедӣ”-и ш.Душанбе ҳамчун мутахассиси  “Физиотерапевт” ва омӯзгори кафедраи “Тавонбахши тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ”-и  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.