Хабарҳо ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДАВРИ 2 – ЮМИ (ҶУМҲУРИЯВИИ) ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ХОНАНДАИ БЕҲТАРИН АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” Бо admin Охирин навсозӣ Sep 26, 2024 0 Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ Чуноне, ки ба ҳамогон маълум аст аз 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 28 сентябри соли равон идома меёбад. Барои гузаронидани озмун дар се толори муассиса шароит фароҳам оварда шуда, хонандагон метавонанд бе ягон мамониат аз ин толорҳо истифода баранд. Аз ҷумла, яке аз ин толорҳо махсус бо номи ҳамин озмун – толори «Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» гузошта шудааст. Ёдовар мешавем, ки Озмуни мазкур дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳуии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор шуда истодааст. Санаи 26 – уми сентябри соли 2024 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. беш аз 50 нафар донишҷӯёни факултетҳои кори фармасевтӣ (шакли таҳсили шабона) ва кори ҳамширагӣ (шакли таҳсили шабона) бо роҳбари муовини директор оид ба таълими амалӣ н.и.т. Давлатзода А.Д. ва деканҳои факултетҳои зикргардида дар Озмуни мазкур фаъолона ширкат намуданд. 0 Мубодила кардан