Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САНҶИШИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ, ДАВОМОТИ ДОНИШҶӮЁН БА МАШҒУЛИЯТҲО ВА РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОХИЛИМУАССИСАВӢ

Беҳдошт ва баланд бардоштани сифати таълим, ҳамчунин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва дар сатҳи олӣ тайёр намудани мутахассисони миёнаи соҳаи тибб яке аз ҳадафҳои муҳими раёсати Коллеҷ маҳсуб меёбад.

Дар ин замина, санаи 26 сентябри соли 2024, тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ  – Қаюмов Ф. Ҷ. ва сардори шуъбаи кадрҳо  – Икромова С. Ш. ташкил шуда, барои назорати таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён ба машғулиятҳо ва риояи интизоми меҳнат ба бинои таълимии 2-юми муассиса ташриф оварданд.

Ҳангоми гардиш дар бинои мазкур ҳуҷҷатгузории омӯзгорон, аз  ҷумла мавҷуд будани журнали қайди дарсҳо, дафтари назорати ҳаррӯзаи омӯзгор, барномаи кории таълимӣ (силлабус), матни  мухтасари лексияҳо ва истифода аз доскаҳои электронӣ низ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Муовини директор зимни гардиш бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбатҳои озоду ошкоро барпо намуда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас доданд.  Ҳангоми суҳбат муовини директор иброз доштанд, ки сатҳу сифати таълими донишҷӯён зери назари қатъии директори муассиса қарор дорад. Аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадорем то дар баланд бардоштани сифати таълим ва савияи дониши донишҷӯён саҳм гузорем. Ҳамчунин дар асоси ин гардиш нақша тартиб дода шуд, ки бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯриҳо доир намуда, роҳҳои беҳтарсозии раванди таълим ва беҳтарсозии нишондодҳои таълимиро баррасӣ намояд.Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бо пайравӣ аз иқдомҳои пешанамудаи директори муассиса барои беҳтар намудани шароити таълим ва фароҳам овардани ҳавасмандии донишҷўён фаъолона кор мебарад, то ки онҳо дар фаъолияти таълимӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гарданд. Боиси қайд аст, ки омӯзгорон дар машғулиятҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд, ки омили асосии беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим мегардад.

Бояд қайд намуд, ки чунин гардишҳо дар муассиса пайваста аз ҷониби муовинони директор ва сардорони шуъбаҳо гузаронида шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.